Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » ВОХӮРИИ МУФИД БО ШАҲРВАНДОН ДАР ШАҲРИ НОВОСИБИРСК

ВОХӮРИИ МУФИД БО ШАҲРВАНДОН ДАР ШАҲРИ НОВОСИБИРСК

18 август 2025, Понедельник
218
0
ВОХӮРИИ МУФИД БО ШАҲРВАНДОН ДАР ШАҲРИ НОВОСИБИРСК
15 августи соли ҷорӣ дар Масҷиди ҷомеии “Красина” шаҳри Новосибирск баъд аз намози ҷумъа, бо муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаи меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои бехатарӣ дар ҷои кор маълумот пешкаш гардида, вобаста ба аҳамияти шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон, ба тозагии сару либос, ришу рӯй аҳамият додан, саломатии худ ва наздиконро аз бемориҳои сироятӣ ҳифз намудан таъкид карда шуд.
Инчунин вобаста ба қонунгузориҳоии кишвари иқомат оид ба муҳоҷират, хусусан Фармони Президенти Федератсияи Россия муҳтарам, В.В Путин аз 30.12.2024 №1126, ки то 10 сентябри солӣ 2025 тамдид гардид, ки имконият медиҳад будубоши худро қонунӣ гардонанд.
Ҳамзамон, дар бораи таҳдидҳои марбут ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷиноятӣ маълумот дода шуд, ки гурӯҳҳои террористӣ ҳадафҳои мушаххас дошта, барои ноил шудан ба онҳо аъзои навро ба ҳар роҳу восита ҷалб менамоянд. Таъкид гардид, ки гурӯҳҳои террористӣ шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, Инстаграм, Тик-Ток, хостингҳои наворӣ ва дигар платформаҳои сифриро фаъолона истифода мебаранд, то паёми худро ба ҳадди аксар расонанд ва боиси ҷалби ҷавонон, намоянд. Даъват оварда шуд, ки аз ҳар гуна гуруҳҳои иртиҷоиву ифротгароӣ дурӣ ҷуста, масълумотҳоро аз сомонаҳои расмӣ мутолиа намоянд.
Дар вохурӣ низ Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон “Сомониён” -и шаҳри Новосибирск Маҳмадӣ Давлатов иштирок намуд ва суханронии худро вобаста ба дастовардҳои миллати тоҷик дар самти тиб, ки зиёда аз чил табибони тоҷик дар муассисаҳои тиббии шаҳри Новосибирск фаъолият анҷом медиҳанд, иброз намуд.
Ҳамчунин ба муҳоҷирон тавсия дода шуд, ки вақти холии худро муфид истифода бурда, аҳли хонаводаашонро барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ба марказҳои забономӯзӣ, ки бо мусоидати Намояндагӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ ройгон ташкил карда шуд, ҷалб намоянд, ба осорхонаҳо, театрҳо, китобхонаҳо ташриф оранд ва барои соҳиб шудани касби нав ва баланд маоши ба курсҳои бозомӯзӣ таҳсил кунанд.
Вохӯрӣ дар вазъияти самимӣ бо саволу ҷавобҳои зиёд гузашт. Аз ҳамватанон даъват гардид, ки барои маслиҳатҳои ҳуқуқӣ бо Намояндагӣ тамос гиранд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ