Вохӯрии масъулини Намояндагӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ

Нимаи аввали моҳи августи соли ҷорӣ дар Масҷиди Ҷомеи ноҳияи «Левобережный»-и шаҳри Новосибирск вохӯрии масъулини Намояндагӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ, қоидаҳои будубош дар ҳудуди Федератсияи Россия, тартиби бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои ҳифзи меҳнат мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Корманди Намояндагӣ аҳамияти махсуси шуғли расмиро ҳамчун воситаи асосии ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон дар кишвари иқомат таъкид намуда, тавсия доданд, ки ба фаъолияти расмӣ шуғл варзанд.
Ба шарҳи муқаррароти қонунгузории ФР таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, аз ҷумла Фармони Президенти Федератсияи Россия муҳтарам В.В. Путин аз 30 декабри соли 2024 № 1126, ки муҳлати амали он то 10 сентябри соли ҷорӣ дароз карда шудааст, шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Ҳозирин иттилоъ дар бораи хатарҳое гирифтанд, ки бо ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷинояткор вобастаанд. Иштирокчиён ба ҳушёрӣ, дурӣ аз ҳар гуна сохторҳои вайронкор ва аҳамияти ҷиддӣ додан ба таҳсил ва ҷалби фарзандон ба раванди таълим даъват гардиданд.
Таъкид карда шуд, ки риояи меъёрҳои санитарӣ ва қоидаҳо, инчунин андешидани чораҳои муҳофизат аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО (ВИЧ) барои муҳоҷирони меҳнатӣ биёр муҳим ва зарур аст.
Илова бар ин, ба муҳоҷирон тавсия дода шуд, ки аз гузаронидани маблағ аз кортҳои бонкии худ ба дархости шахсони бегона худдорӣ намоянд, зеро чунин амал метавонад ба маблағгузории гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ мусоидат кунад ва барои онҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.









