Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ дар Карелия

Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ дар Карелия

14 июль 2025, Понедельник
139
0
Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ дар Карелия
Намояндагӣ иттилоъ медиҳад, ки дар доираи нақшаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни ҳамватанонамон ҷиҳати пешгирии шомилшавии шаҳрвандонамон ба гуруҳҳои ифротӣ ва огоҳ намудани онҳо аз тағйирот дар қонунгузории муҳоҷиратӣ, 11 июли соли ҷорӣ, корманди намояндагӣ дар масҷиди марказии шаҳри Петрозаводски Ҷумҳурии Карелия бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохурӣ баргузор намуд. Дар чорабинӣ ҳудуди 130 нафар зодагони Тоҷикистон иштирок доштанд ва зимни суҳбат ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳ зоҳир гардид:
- тағйиротҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии ФР, додани тавсияҳои мушаххас бобати қонунигардонии мақоми будубоши шаҳрвандон;
- тартиби нави дохилшавии фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ ба мактабҳои миёнаи Россия, зарурати ҳатмии омодасозии томактабии кудакон барои пешгирии хориҷшавии онҳо аз муассисаҳои таълимӣ;
- вазъияти мураккаби геополитикӣ ва дар ин росто кушишҳои доираҳои манфиатҷӯ ҷиҳати барангехтани кинаву адовати миллӣ, таҳрики афкори миллатгароёна ва зарурати эҳтиёткорӣ дар чунин масъалаҳо;
- фаъолияти таблиғотии созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ, махсусан ташвиқот дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва зарурати худдорӣ аз мутолеаи саҳифаҳои ғайрирасмии паҳнкунандаи маводи динӣ;
- пешгирии таълимоти ғайриқонунии динии фарзандони муҳоҷирон, аз ҷумла таълимоти фосилавӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ;
- худдорӣ аз расонидани кумакҳои хайриявӣ тариқи интиқоли маблағ ба кортҳои ашхоси номаълум. Дар ин росто, мисолҳо вобаста ба маҳкум гардидани чандин нафар ҳамватанон бо ҷурми маблағгузории терроризм, ки дар асл бо мақсади кумак ба осебдидагони Ғаза пул гузаронидаанд, оварда шуданд.
Баъд аз баромади корманди Намояндагӣ, роҳбари диаспораи шаҳри Петрозаводск Худоиев Давлаталӣ ва имомхатиби масҷиди минтақа Маҳмудов Зокирхон ба тақвияти суханони қаблӣ баромад карданд. Дар фарҷоми чорабинӣ шаҳрвандон вобаста ба мушкилоти шахсиашон муроҷиат карда, тавсияҳои мушаххас гирифтанд. Чорабинӣ дар маҷмӯъ 45 дақиқа давом дошта, аз тарафи ҳозирин хуб қабул гардид.
Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ дар Карелия
Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ дар КарелияКорҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ дар Карелия
Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ дар Карелия

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ