Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Табрикот бахшида ба 33-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикот бахшида ба 33-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

09 сентябрь 2024, Понедельник
1 330
0
Табрикот бахшида ба 33-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россияи оид ба муҳоҷират Шуморо бо фарорасии муқаддастарин ҷашни мардуми тамаддунсози тоҷик – 33 солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саломатӣ, хотирҷамъӣ, ба Ватани маҳбубамон оромию осудагӣ ва пешрафту шукуфоӣ орзу менамояд.

Имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон ба хубӣ дарк менамояд, ки Истиқлоли давлатӣ муқаддастарин неъмат, рукни асосии давлати озоду обод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободию саодатмандӣ, сарбаландиву осоиштагӣ ва нерӯи тавонбахши ҳаёт аст.

Дар ин маврид муҳтарам Пешвои миллат барҳак зикр намуданд: «Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонаду аз он ифтихор мекунад».

Бори дигар, ҷашни 33-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатиро ба Шумо таҳният гуфта, итминони комил дорем, ки ғояи волои истиқлол ва ҳадафҳои наҷиби созандагиву бунёдкорӣ ба хотири ободии Ватан мароми ҳамешагии мо хоҳад буд.

Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ