Табрикот бахшида ба 32-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россияи оид ба муҳоҷират Шуморо бо фарорасии муқаддастарин ҷашни мардуми тамаддунсози тоҷик - 32-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саломатӣ, хотирҷамъӣ, ба Ватани маҳбубамон оромию осудагӣ ва пешрафту шукуфоӣ орзу менамояд.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Тоҷикистони маҳбубамон ба шарофати сиёсати дурандешонаву ҳадафмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои манфиатбахшро бо кишварҳои мухталифи олам ба роҳ монда, бо ташаббусу иқдомҳои сатҳи байналмилалӣ дар ҳалли мушкилоту муаммоҳои глобалии ҷаҳони муосир нақши арзанда мегузорад.
Мо бояд ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ эътибор дода, бо дарки аҳамияти истиқлолу озодӣ ба масъалаи баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии аҳли ҷомеа ва ватандӯсту ватанпарвар тарбият ёфтани насли ҷавон таваҷҷуҳ намуда, барои амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ба кишвари пешрафтаи ҷаҳон табдил додани Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошем. Ҳамчун фарзандони содиқи Ватан дар якҷоягӣ сарзамини аҷдодиамонро боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем.
Бори дигар, ҷашни 32-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатиро ба Шумо таҳният гуфта, итминони комил дорем, ки ғояи волои истиқлол ва ҳадафҳои наҷиби созандагиву бунёдкорӣ ба хотири ободии Ватан мароми ҳамешагии мо хоҳад буд.
Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!