Табрикот бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст”
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ҳамватанони азиз, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии фарҳангӣ ва тоҷикони муқими Федератсияи Россия, ҳамаи шуморо бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик менамоем.
Забони тоҷикӣ ганҷинаи бебаҳои миллати тоҷик буда, баъди ба даст омадани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва иқдомоти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду равнақ ва эҳёи забони тоҷикӣ иқдомоти шоистае роҳандозӣ гардида, ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуда, ҷиҳати амалигардонии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи забони давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардид.
Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф менамоянд. Бо ин забон садҳо ва ҳазорон бузургмардону нобиғагон дурри сухан суфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд. Ҳикмат ва ахлоқи инсонпарварӣ, ки ҷавҳари осори ниёгони мост, бо забони муқтадиру пурвусъат ва ширину гуворои тоҷикӣ асрҳо боз садо медиҳад ва сарвати фарҳангиву маънавии миллати мо бо ҳамин забон оламро тасхир кардааст.
Бори дигар Шуморо бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик намуда, бароятон саодатмандӣ, некномӣ ва дастоварду музаффариятҳоро таманно менамоем.
Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад!

Читайте также:
09 сентябрь 2023, Суббота
Табрикот бахшида ба 32-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон