Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Вохӯрӣ бо роҳбарияти ширкати “СПЕКТР-НН” дар шаҳри Дзержинск

Вохӯрӣ бо роҳбарияти ширкати “СПЕКТР-НН” дар шаҳри Дзержинск

24 октябрь 2025, Пятница
17
0
Санаи 24 октябри соли ҷорӣ, дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Нижний Новгород, инчунин вохӯрии муҳиме бо роҳбарияти ширкати “СПЕКТР-НН” дар шаҳри Дзержинск баргузор гардид.
Ин ширкат дар соҳаи истеҳсоли дастпӯшакҳои санитарӣ ва тиббӣ фаъолият дошта, яке аз корфармоёни калон дар минтақа ба ҳисоб меравад.
Дар вохӯрӣ роҳбарияти ширкат фаъолияти ҷорӣ, талаботи истеҳсолот ва эҳтиёҷ ба қувваи кориро муаррифӣ намуд. Таъкид гардид, ки шумораи зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхонаи мазкур ба таври расмӣ фаъолият доранд ва аз шароити меҳнат, амнияти корӣ ва музди меҳнат изҳори қаноатмандӣ менамоянд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи касбомӯзии муҳоҷирон, ташкили курсҳои омӯзишӣ ва ҷалби иловагии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеҳсолот-ро баррасӣ карданд.
Роҳбарияти “СПЕКТР-НН” изҳори миннатдорӣ намуданд, ки Намояндагии Вазорат таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои муҳоҷирони тоҷик зоҳир менамояд ва омодагии худро барои ҳамкории минбаъда дар самти ҷалби қувваи кории тоҷик баён карданд.
Ҳамзамон, ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо, метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: ‪+7 (967) 271-02-02‬, ‪+7 (988) 676-00-00‬, ‪+7 (966) 031-22-22‬, ‪+7 (936) 174-19-92‬, ‪+7 (926) 586-03-00‬ ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ‪+7 (999) 912-58-68‬;
2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: ‪+7 (926) 311-52-53‬;
3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: ‪+7 (977) 963-25-69‬;
4.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: ‪+7 (901) 344-77-77‬ ;
5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: ‪+7 (929) 388-54-11‬;
6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: ‪+7 (909) 809-55-48‬.
7. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург ‪+7 (999) 341-45-99‬
8. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск ‪+7 (909) 809 55 48‬
Почтаи электронии Намояндагӣ:
prmstj@mail.ru

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ