Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Вохури бо ҳамватанону муҳоҷирон дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистон

Вохури бо ҳамватанону муҳоҷирон дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистон

14 август 2025, Четверг
170
0
Вохури бо ҳамватанону муҳоҷирон дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистон
Дар нимаи аввали моҳи августи соли ҷорӣ дар якҷоягӣ бо ҳамраисони ташкилоти ҷамъиятии минтақавии Маркази фарҳангии тоҷикон ба номи И.Сомонӣ дар Ҷумҳурии Бошқирдистон дар бозори Гуровскии шаҳри Уфа бо ҳамватанону муҳоҷирон вохуриву суҳбатҳо доир гардид.
Дар вохурии навбати меъёрҳои Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 сӯҳбат доир гардид. Ба иштироккунандагони вохӯри ҷиҳати маҳдуд боқи мондани мӯҳлати қонунигардонидании будубош ва фаъолият ва дар Федератсияи Россия фаҳмонида шуд ва тавсия дода шуд, ки будубоши худро тариқи қонуни зикргардида барасмият дароранд.
Инчунин, бо муҳоҷиронӣ меҳнатӣ ва ҳамватанону фаъолонӣ бурурнмарзӣ, ки дар бозори мазкур кор менамоянд доир ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, тартиби ба роҳ мондани фаъолияти ҳар як муҳоҷир тибқи талаботҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, барасмиятдарории саривақтии ҳуҷҷатҳои дахлдори танзимкунандаи будубоши қонунӣ, дури ҷустан аз ҳар гуна гурӯҳҳои тераристиву экстремисти, ифротгарову хуруфотпараст ва оиди бемориҳои вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ/СПИД) корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Вохури бо ҳамватанону муҳоҷирон дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистон

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ