Баргузории вохӯрӣ бо роҳбарияти Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ дар шаҳри Уфа

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ҷиҳати сари вақт баррасӣ ва бартараф намудани мушкилоти бамиёномадаи муҳоҷирони меҳнатӣ, таҳким бахшидан ва рушди ҳамкориҳоро бо давлати қабулкунанда оид ба масоили муҳоҷират таҳким бахшида, вохӯриҳои судмандро анҷом додааст.
Дар ин самт, 4 декабри соли 2024 дар бинои Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират дар шаҳри Уфа вохӯрии Намояндагӣ дар якҷоягӣ бо Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Раҳимов Тимур Одинаевич, роҳбари Маркази муҳоҷирати меҳнатӣ Юшин Эдуард Анатольевич, Директори филиали МФВД “Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид”-и Вазорати корҳоди дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Бошқирдистон Марванов Михаил Мансурович ва муовини Президенти палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Бошқирдистон Резниченко Андрей Александрович баргузор гардид.
Зимни вохӯри тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва дар оянда дарёфт намудани механизми ҷалби мутташакилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ҷумҳурии Бошқирдистон ва гузаронидани вохӯриҳо бо соҳибкорону корфармоёнро иброз намуданд.
Дар рафти мулоқот, Юшин Э.А., иброз намуданд, ки фаъолияти марказ хуб ба роҳ монда шуда, дар сурати паст гардидани сифати хизматрасониҳо ва ё поймол гардидани ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо омодагии худро барои бартараф намудани камбудиҳо баён намуданд.
Илова бар ин, хоҳиш карда шуд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Ҷумҳурии Бошқирдистон меоянд, тариқи портали хизматрасониҳои давлатӣ аз лаҳзаи муроҷиат то гирифтани патент омӯзонанд.
Ба иттилои номбурда, айни замон масъалаи ба муҳоҷирони меҳнатӣ дастрас намудани СНИЛС зимни барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо дар Марказ мавриди баррасӣ қарор дорад, ки ин ба манфиати кор ва сарфаи вақти муҳоҷирон мегардад.