МУШКИЛОТИ НОПАРДОХТИ МУЗДИ МЕҲНАТИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки дар 7 моҳи соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Федератсияи Россия 16 млн 943,8 ҳазор рубл (беш аз 1 миллиону 971 ҳазор сомонӣ) маоши пардохтнашудаи муҳоҷирони тоҷикро аз корфармоён баргардонида, кафолатҳои ҳуқуқии онҳо таъмин карда шуда, музди меҳнати шаҳрвандон, ки ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буданд, пардохт карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки сабаби асосии пардохт нагардидани музди меҳнати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ин набастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, муайян накардани ҳаҷми корҳо, иҷро нашудани корҳо мутобиқи меъёрҳо ва талаботи корфармо ва дар аксар маврид риоя нагардидани талаботҳои қонунгузории Федератсияи Россия вобаста ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвари иқомат аз ҷониби корфармо мебошад.
Бояд гуфт, ки дар соли 2024 бо кӯмаки Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва мақомотҳои салоҳиятдор 39 031 000 рубли (беш аз 4 миллиону 663 ҳазор сомонӣ) музди кории пардохтнашудаи муҳоҷирони тоҷик баргардонида шуда буд.
Ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонем, ки агар ба мушкилоти нопардохти музди меҳнат рӯбарӯ мешаванд метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7(929) 540-88-88, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00, +7 (920) 941-60-60 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
2. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург +7 (916) 555-74-97
3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;
5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11;
6.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77;
7.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48
8.Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809‑55‑48
Читайте также:
15 сентябрь 2023, Пятница
Музди меҳнати нопардохти муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуд








