Мушкилоти нопардохти музди корӣ

Намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Федератсияи Россия дар 7 моҳи соли ҷорӣ 16 млн 943,8 ҳазор рубл (беш аз 1 миллиону 971 ҳазор сомонӣ) маоши пардохтнашудаи муҳоҷирони тоҷикро аз корфармоён рӯёнидааст.
Маврид ба қайд аст, ки сабаби асосии пардохт нашудани музди корӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ин набастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, муайян нанамудани ҳаҷми корҳо, иҷро нашудани корҳо мутобиқи меъёрҳо ва талаботи корфармо ва ғ. мебошад.
Бояд гуфт, ки дар соли 2024 бо кумаки Намояндагии Вазорат дар Россия ва мақомотҳои салоҳиятдор 39 031 000 рубли (беш аз 4 миллиону 663 ҳазор сомонӣ) музди кории пардохтнашудаи муҳоҷирони тоҷик баргардонида шуда буд.
Нафароне, ки ба мушкилоти нопардохт рӯбарӯ мешаванд метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7(929) 540-88-88, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00, +7 (920) 941-60-60 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
2. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург +7 (916) 555-74-97
3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;
5. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11;
6. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ;
7. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.
8. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809‑55‑48
Читайте также:
08 июль 2024, Понедельник
Мусоидати Намояндагӣ вобаста ба баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ
15 сентябрь 2023, Пятница
Музди меҳнати нопардохти муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуд







