Таҳсил дар Коллеҷи нақлиёти автомобилии №9-и шаҳри Москва

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки дар Коллеҷи нақлиёти автомобилии №9-и шаҳри Москва қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои таҳсил идома дорад.
Коллеҷи нақлиёти автомобилии №9-и шаҳри Москва, яке аз муассисаҳои таълимии пешқадам дар соҳаи омода намудани мутахассисони соҳаи истифода ва нигоҳдории нақлиёти автомобилӣ буда, гирифтани маълумоти миёнаи касбӣ барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 яке аз роҳҳои асосии омода кардани худ ба ҳаёти ояндаи мустақил дар шароити иқтисоди бозоргонӣ мебошад.
Дар коллеҷи мазкур мутахассисон дар соҳаҳои зерин омӯзонида мешаванд: устоҳои таъмир ва нигоҳубини автомобилҳо, мутахассисони техникӣ ва таъмири муҳаррикҳо, системаҳо ва агрегатҳои воситаҳои нақлиёт, техникҳои нақлиётӣ, логистикаҳои амалиётӣ, мутахассисони системаҳои иттилоотӣ, хизматрасонӣ дар нақлиёт, инчунин мутахассисон аз рӯи барномаҳои такмили ихтисос ва таҳсилоти иловагии касбӣ, аз қабили: «Ташхис ва таъмири трансмиссияҳои автоматӣ», «Таъмири чархҳои нақлиёт», ронандаи воситаҳои нақлиёти категорияҳои «М», «A», «A1», «B», «C» ва «C1».
Базаи таълимию моддии Коллеҷ аз синфхонаҳо, ташхисгоҳҳо ва устохонаҳо иборат буда, дар байни муассисаҳои таълимии шаҳри Москва амалан монанд надорад.
Аз 1 сентябри соли 2017 дар Коллеҷи мазкур барномаҳои таълимӣ, ки ба рӯйхати ТОП-50 талабот дар бозори меҳнат дохиланд, аз ҷумла «Устои таъмир ва нигоҳдории воситаҳои нақлиёт», «Техники таъмири муҳаррикҳо, системаҳо ва агрегатҳои нақлиёт» татбиқ мегардад.
Тартиби дохил шудан ба коллеҷ тариқи портали “Mos.ru” сурат гирифта, довталабон метавонанд аз 20 июн то 15 август (ғоибона то моҳи октябр) худро номнавис намоянд.
Маблағи шартномаи таҳсил аз рӯи ихтисосҳо гарон набуда, ҳамчунин таҳсили буҷавӣ мавҷуд мебошад ва ба муҳоҷирони меҳнатӣ имконияти таҳсили шабона фароҳам оварда шудааст.
Таҷрибаи мазкур метавонад ба таври назаррас сатҳи илму дониши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатиро баланд бардошта, дар баробари машғул будан ба фаъолияти меҳнатӣ, баъд аз хатми коллеҷ соҳиби ихтисос ва шаҳодатномаи ронандагӣ гарданд.
Хоҳишмандон барои гирифтани маълумоти пурра вобаста ба ихтисосҳо, шарту шароит ва дигар ҷанбаҳои таҳсилот метавонанд аз сомонаи расмии Коллеҷ (КАТ) дидан намоянд.
Телефон барои тамос: +7 (499) 480-65-00.