Ташрифи гурӯҳи корӣ ба Коллеҷи нақлиёти автомобилии №9-и шаҳри Москва

Санаи 16 августи соли 2023 дар доираи сафар боздиди гурӯҳи кори аз Коллеҷи нақлиёти автомобилии №9-и шаҳри Москва сурат гирифт.
Бо иттилои Фомин Роман Александрович – директори «Коллеҷи нақлиёти автомобилии №9», ин яке аз муассисаҳои таълимии пешқадам дар соҳаи омода намудани мутахассисони соҳаи истифода ва нигоҳдории нақлиёти автомобилӣ буда, гирифтани маълумоти миёнаи касбӣ барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 яке аз роҳҳои асосии омода кардани худ ба ҳаёти ояндаи мустақил дар шароити иқтисоди бозоргонӣ мебошад.
Дар коллеҷи мазкур мутахассисон дар соҳаҳои зерин омӯзонида мешаванд: устоҳои таъмир ва нигоҳубини автомобилҳо, мутахассисони техникӣ ва таъмири муҳаррикҳо, системаҳо ва агрегатҳои воситаҳои нақлиёт, техникҳои нақлиётӣ, логистикаҳои амалиётӣ, мутахассисони системаҳои иттилоотӣ, хизматрасонӣ дар нақлиёт, инчунин мутахассисон аз рӯи барномаҳои такмили ихтисос ва таҳсилоти иловагии касбӣ, аз қабили: «Ташхис ва таъмири трансмиссияҳои автоматӣ», «Таъмири чархҳои нақлиёт», ронандаи воситаҳои нақлиёти категорияҳои «М», «A», «A1», «B», «C» ва «C1».
Базаи таълимию моддии Коллеҷ аз синфхонаҳо, ташхисгоҳҳо ва устохонаҳо иборат буда, дар байни муассисаҳои таълимии шаҳри Москва амалан монанд надорад.
Аз 1 сентябри соли 2017 дар Коллеҷи мазкур барномаҳои таълимӣ, ки ба рӯйхати ТОП-50 талабот дар бозори меҳнат дохиланд, аз ҷумла «Устои таъмир ва нигоҳдории воситаҳои нақлиёт», «Техники таъмири муҳаррикҳо, системаҳо ва агрегатҳои нақлиёт» татбиқ мегардад.
Қайд карда шуд, ки дар муассисаи мазкур 15 нафар аз кишварҳои ИДМ таҳсил менамоянд, ки 9 нафари онро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
Тартиби дохил шудан ба коллеҷ тариқи портали “mos.ru” сурат гирифта, довталабон метавонанд аз 20 июн то 15 август (ғоибона то моҳи октябр) худро номнавис намоянд.
Маблағи шартномаи таҳсил аз рӯи ихтисосҳо гарон набуда, ҳамчунин таҳсили буҷавӣ мавҷуд мебошад ва ба муҳоҷирони меҳнатӣ имконияти таҳсили шабона фароҳам оварда шудааст.
Таҷрибаи мазкур метавонад ба таври назаррас сатҳи илму дониши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатиро баланд бардошта, дар баробари машғул будан ба фаъолияти меҳнатӣ, баъд аз хатми коллеҷ соҳиби ихтисос ва шаҳодатномаи ронандагӣ гарданд.
Дар идомаи суҳбат масъалаи ташкили маркази таълимӣ дар заминаи яке аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзонидани муҳоҷирони меҳнатӣ тибқи стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Россия аз рӯи ихтисосҳое, ки дар бозори меҳнати Россия талабот доранд, баррасӣ гардид.
Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои зикргардида ва рушди муносибатҳои дуҷониба изҳор намуданд.