Табрикоти Намояндагӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз!
Аз номи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират шуморо самимона бо яке аз ҷашнҳои муҳимми давлатӣ — Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯем!
Қабули Конститутсия 6 ноябри соли 1994 рӯйдоди таърихӣ буд, ки оғози марҳалаи нав дар роҳи ташаккули давлати мустақили тоҷикон гардид.
Қонуни Асосии кишвар арзишҳои муҳими миллиро — сулҳ, субот, волоияти қонун, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон — таҳким бахшида, ба пояи боэътимоди давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ табдил ёфт.
Зери роҳбарии хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Конститутсия кафили сулҳу субот, рамзи ваҳдати миллӣ ва асоси мустаҳками рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад.
Имрӯз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлолият, рушди иқтисод, маориф, фарҳанг ва соҳаҳои иҷтимоӣ — натиҷаи сиёсати пайгирона ва муваффақонаи Президенти кишвар ва меҳнати софдилонаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Дар ин рӯзи пуршараф ба ҳамаи ҳамватанон сулҳу амонӣ, файзу баракат, хушбахтӣ ва муваффақиятҳои нав ба хотири пешрафти Ватани азизамон — Ҷумҳурии Тоҷикистон орзу менамоем!
Бо ифтихор ва самимияти пурра, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
Бо эҳтиром,
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират