Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Иштироки масъули Намояндагӣ дар ҷаласаи Хадамот оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ ва бақайдгирии шаҳрвандони хориҷии Вазорати корҳои дохилии Русия дар вилояти Иркутск

Иштироки масъули Намояндагӣ дар ҷаласаи Хадамот оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ ва бақайдгирии шаҳрвандони хориҷии Вазорати корҳои дохилии Русия дар вилояти Иркутск

30 октябрь 2025, Четверг
8
0
Санаи 29 октябри соли 2025 масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Сибир дар ҷаласаи Хадамот оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ ва бақайдгирии шаҳрвандони хориҷии Вазорати корҳои дохилии Русия дар вилояти Иркутск иштирок намуд.

Дар ҷаласа, роҳбари Хадамот, кормандони масъули воҳидҳои сохторӣ, мудири шуъбаи кор бо муҳоҷирони идораи волии вилояти Иркутск, мудири шуъбаи кор бо муҳоҷирони шаҳрдории Иркутск, инчунин роҳбарони иттиҳодияҳои миллӣ, ки дар ҳудуди вилояти Иркутск фаъолият доранд, иштирок карданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба будубоши қонунии шаҳрвандони хориҷӣ, фаъолияти меҳнатии муҳоҷирони корӣ, ҳамчунин тартиби пешниҳоди маълумотнома оид ба шартномаи меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Илова бар ин, иштирокчиён бо мазмуни Фармони раиси вилояти Иркутск №382-УГ аз 11 октябри соли 2024 шинос шуданд, ки тибқи он аз соли 2025 ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ дар баъзе намудҳои фаъолият аз ҷониби субъектҳои хоҷагидоре, ки дар ҳудуди вилояти Иркутск фаъолият доранд, манъ карда мешавад.

Ҷаласаро роҳбари Хадамоти оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ ва бақайдгирии шаҳрвандони хориҷии Вазорати корҳои дохилии Русия дар вилояти Иркутск ифтитоҳ намуд. Пас аз суханрониҳои дигар иштирокчиён, вохӯрӣ бо суолу ҷавоб байни иштироккунандагон анҷом ёфт.
Ҳамзамон ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо, шаҳрвандон метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: ‪+7 (967) 271-02-02‬, ‪+7 (988) 676-00-00‬, ‪+7 (966) 031-22-22‬, ‪+7 (936) 174-19-92‬, ‪+7 (926) 586-03-00‬ ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ‪+7 (999) 912-58-68‬;
2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: ‪+7 (926) 311-52-53‬;
3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: ‪+7 (977) 963-25-69‬;
4.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: ‪+7 (901) 344-77-77‬ ;
5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: ‪+7 (929) 388-54-11‬;
6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: ‪+7 (909) 809-55-48‬.
7. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург ‪+7 (999) 341-45-99‬
8. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск ‪+7 (909) 809 55 48‬
Почтаи электронии Намояндагӣ:
prmstj@mail.ru

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ