Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Вохӯрии масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Сибир бо донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи давлатии аграрии Новосибирск

Вохӯрии масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Сибир бо донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи давлатии аграрии Новосибирск

31 октябрь 2025, Пятница
9
0
Санаи 30 октябри соли 2025, масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Сибир бо донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Донишгоҳи давлатии аграрии Новосибирск таҳсил менамоянд, вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар рафти вохӯрӣ масъули Намояндагӣ аз аҳвол, шароити зист, ҳолати саломатӣ ва раванди таҳсили донишҷӯён пурсон гардид.
Сипас, ба донишҷӯён маълумоти муфассал оид ба тағйиру иловаҳои охирин дар қонунгузории Федератсияи Русия дар самти муҳоҷират ва таҳсил пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон, оид ба қоидаҳои будубоши қонунии шаҳрвандони хориҷӣ, масъалаҳои бақайдгирӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ, инчунин масъалаҳои амниятӣ ва иҷтимоӣ тавзеҳ дода шуд.
Дар ҷараёни сӯҳбат ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид:
• гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва идеологӣ миёни донишҷӯён;
• огоҳсозӣ аз қаллобон ва миёнаравҳои ғайриқонунӣ;
• пешгирии шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ;
• баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва риояи қонунгузории кишвар иқомат.
Дар анҷоми вохӯрӣ масъули Намояндагӣ ба донишҷӯён рақамҳои тамоси кории Намояндагиро барои дарёфти машварат ва кӯмаки ҳуқуқӣ, инчунин барои муроҷиат дар ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқ ё қонуншиканӣ нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Ҳамзамон ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо, шаҳрвандон метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: ‪+7 (967) 271-02-02‬, ‪+7 (988) 676-00-00‬, ‪+7 (966) 031-22-22‬, ‪+7 (936) 174-19-92‬, ‪+7 (926) 586-03-00‬ ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ‪+7 (999) 912-58-68‬;
2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: ‪+7 (926) 311-52-53‬;
3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: ‪+7 (977) 963-25-69‬;
4.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: ‪+7 (901) 344-77-77‬ ;
5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: ‪+7 (929) 388-54-11‬;
6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: ‪+7 (909) 809-55-48‬.
7. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург ‪+7 (999) 341-45-99‬
8. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск ‪+7 (909) 809 55 48‬
Почтаи электронии Намояндагӣ:
prmstj@mail.ru

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ