Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Мулоқоти масъули Намояндагӣ бо донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи иқтисод, идора ва ҳуқуқи шаҳри Сургут

Мулоқоти масъули Намояндагӣ бо донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи иқтисод, идора ва ҳуқуқи шаҳри Сургут

31 октябрь 2025, Пятница
9
0
31 октябри соли ҷорӣ дар дафтари ҷамъияти тоҷикони шаҳри Сургут мулоқоти масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Урал бо донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Донишгоҳи иқтисод, идора ва ҳуқуқи шаҳри Сургут таълим мегиранд, баргузор гардид. Айни замон дар донишгоҳи мазкур зиёда аз 100 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил доранд, ки сатҳи баланди таълим, шароити мусоиди таҳсил ва имкониятҳои фарох барои рушди шахсӣ ва касбиро қайд мекунанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои истифодаи самараноки вақт, муносибати ҳадафмандона ба таҳсил, такмили донишу маҳорати касбӣ ва шахсӣ барои фаъолияти минбаъдаи муваффақ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ватани худ баррасӣ гардиданд.

Ба масъалаҳои таъмини амният ва саводи иттилоотӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Донишҷӯён ҳушдор дода шуданд, ки ҳангоми муошират дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва муҳити атроф эҳтиёткор бошанд, фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ ва харобкоре, ки кӯшиш мекунанд ҷавононро ба фаъолияти ғайриқонунӣ ҷалб намоянд, нагарданд.

Мулоқот дар фазои самимӣ ва дӯстона баргузор гардид. Иштирокчиён тавонистанд саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои муфассал ва судманд дарёфт намоянд. Дар поёни мулоқот донишҷӯён изҳори сипос намуда, аҳаммияти чунин чорабиниҳоро барои огоҳонӣ ва ҳамгироии ҷавонон таъкид карданд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ