Вохӯрии масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Урал бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони ноҳияи мухтори Ханти-Мансий — Югра
30 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Сургут, дар дафтари Созмони ҷамъиятии минтақавии «Диаспораи тоҷикон», вохӯрии масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Урал бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони ноҳияи мухтори Ханти-Мансий — Югра баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ беш аз 20 роҳбари ҷамъияти тоҷикон ширкат варзиданд, ки дар зери сарпарастии онҳо зиёда аз 60 нафар ихтиёриён ва фаъолон фаъолият доранд. Онҳо дар самтҳои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифз ва тарғиби арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда дар соҳаи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Русия корҳои назаррас анҷом медиҳанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин масъалаи огоҳсозӣ ва эҳтиёт аз ҷалби шаҳрвандон ба гурӯҳҳои шубҳаноки хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта мавриди муҳокима қарор гирифт.
Вохӯрӣ дар руҳияи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва табодули таҷриба баргузор гардида, ҷонибҳо оид ба таҳкими ҳамкориҳо дар самти фарҳанг, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва маънавӣ, инчунин нигоҳ доштани иртибот бо Ватан — Тоҷикистони азиз таъкид намуданд.