Вохӯриҳо бо роҳбарони диаспораҳо ва ҷамъиятҳои тоҷикон дар шаҳрҳои Нижний Новгород, Дзержинск ва Бор
Санаи 24 октябри соли ҷорӣ масъулини Намояндагӣ бо мақсади омӯзиши вазъи иҷтимоию меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди вилояти Нижегородски фаъолият доранд, инчунин баргузор намудани вохӯриҳо бо роҳбарони диаспораҳо, корфармоён ва мақомоти маҳаллӣ, ки бо муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамкорӣ менамоянд, сафари корӣ анҷом доданд.
Дар доираи сафар як қатор вохӯриҳо бо роҳбарони диаспораҳо ва ҷамъиятҳои тоҷикон дар шаҳрҳои Нижний Новгород, Дзержинск ва Бор баргузор гардид.
Аз ҷумла, вохӯрии самаранок бо роҳбари ҷамъияти тоҷикони вилояти Нижний Новгород — Муминов Зафар Одинаевич баргузор шуд, ки фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷиконро дар чанд шаҳр ҳамоҳанг месозад.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ҳуқуқие, ки ба фаъолияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия дахл доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи махсус дода шуд:
• риояи қатъии қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россия, аз ҷумла масъалаҳои бақайдгирӣ ва гирифтани иҷозатномаҳо;
• гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии ҷалби шаҳрвандон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ;
• баланд бардоштани саводи ҳуқуқии шаҳрвандон, бо мақсади огоҳ намудани онҳо дар бораи ҳуқуқу уҳдадориҳои худ;
• таъмини амнияти истеҳсолӣ ва гигиенӣ, риояи қоидаҳои муҳофизати меҳнат ва бехатарӣ дар ҷойҳои корӣ;
• масъалаҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО/СПИД ва сил.
Масъулини Намояндагӣ таъкид намуданд, ки роҳбарони диаспораҳо нақши муҳим дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мутобиқшавии шаҳрвандони Тоҷикистон доранд. Дар ин замина ба онҳо тавсия дода шуд, ки пайваста вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ ва корҳои пешгирикунанда миёни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намоянд.
Дар доираи сафар дар утоқи роҳбари ҷамъияти тоҷикон қабулгоҳи мобилии Намояндагӣ ташкил карда шуд.
Ҳадафи ташкили қабулгоҳи мобилӣ — қабули муроҷиатҳо, арзу шикоятҳо ва саволҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои меҳнатӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ буд.
Дар давоми кори қабулгоҳ шумораи зиёди шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки ба ҳамаи онҳо тавзеҳоти муфассал ва маслиҳатҳои зарурӣ дода шуданд. Қисме аз муроҷиатҳо барои баррасии минбаъда ба утоқи марказии Намояндагӣ ирсол гардиданд.
Ҳамзамон, Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;
3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ;
5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11;
6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.
7. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (999) 341-45-99
8. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809 55 48
Почтаи электронии Намояндагӣ:
prmstj@mail.ru

Читайте также:
18 февраль 2025, Вторник
ҶАЛБИ МУТАШАККИЛОНАИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ БА ВИЛОЯТИ НИЖНИЙ НОВГОРОД БАРРАСӢ ГАРДИД