Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ангарски вилояти Иркутск

Вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ангарски вилояти Иркутск

30 октябрь 2025, Четверг
7
0
Санаи 29 октябри соли ҷорӣ, дар доираи иҷрои вазифаҳои хизматӣ, масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Сибир, дар шаҳри Ангарски вилояти Иркутск бо гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин шаҳр дар соҳаи сохтмон фаъолият доранд, вохӯрӣ баргузор намуд.
Ҳадафи вохӯрӣ - шиносоӣ бо шароити кории ҳамватанон, шунидани фикру ақида, расидагӣ ба эҳтиёҷоти онҳо, инчунин пешниҳоди маслиҳат вобаста ба риояи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Русия аст.
Дар рафти мулоқот бо муҳоҷирон суҳбати озоду самимӣ доир гардида, ба саволҳои онҳо дар бораи масъалаҳои ҳуқуқӣ, қоидаҳои бақайдгирӣ, гирифтани иҷозат барои кор ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти қонунӣ дар кишвари иқомат ҷавобҳои муфассал дода шуд. Ҳамзамон, тавсия дода шуд, ки шаҳрвандон ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ ва зиндагӣ дар қаламрави Русия, қонунҳои амалкунанда, тартиботи ҷамъиятӣ ва талаботи мақомоти дахлдорро қатъиян риоя намоянд.
Бо назардошти таҳдидҳои ҷаҳонӣ ва хатарҳои афзояндаи идеологӣ, таъкид карда шуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ бояд аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти экстремистӣ, террористӣ худдорӣ кунанд. Зикр гардид, ки чунин амалҳо на танҳо амнияти шахсӣ ва оилавии онҳоро зери хатар мегузоранд, балки обрӯи тамоми шаҳрвандони тоҷикро дар хориҷ аз кишвар паст мезананд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ муҳоҷирон бо эҳсоси самимият андешаву мушоҳидаҳои худро оид ба фаъолияти меҳнатӣ, муносибати корфармоён ва зарурати дастгирии ҳуқуқӣ баён карданд. Аз ҷониби масъули Намояндагӣ таъкид гардид, ки Намояднагӣ ҳамеша омодааст дар доираи ваколатҳои худ ба ҳар як шаҳрванд кӯмаки иттилоотӣ, ҳуқуқӣ ва машваратӣ расонад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ ва рақамҳои тамоси Намояндагӣ пешниҳод гардиданд, то ин, ки дар ҳолати ба миён омадани мушкилӣ ё саволҳои ҳуқуқӣ, онҳо ба таври мустақим муроҷиат намоянд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона, эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, муҷиби руҳбаландии ҳамватанон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва ҳамбастагӣ миёни онҳо гардид.
Ҳамзамон, ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: ‪+7 (967) 271-02-02‬, ‪+7 (988) 676-00-00‬, ‪+7 (966) 031-22-22‬, ‪+7 (936) 174-19-92‬, ‪+7 (926) 586-03-00‬ ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ‪+7 (999) 912-58-68‬;
2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: ‪+7 (926) 311-52-53‬;
3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: ‪+7 (977) 963-25-69‬;
4.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: ‪+7 (901) 344-77-77‬ ;
5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: ‪+7 (929) 388-54-11‬;
6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: ‪+7 (909) 809-55-48‬.
7. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург ‪+7 (999) 341-45-99‬
8. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск ‪+7 (909) 809 55 48‬
Почтаи электронии Намояндагӣ:
prmstj@mail.ru

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ