Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Боздид аз “Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ” дар шаҳри Ангарски вилояти Иркутск

Боздид аз “Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ” дар шаҳри Ангарски вилояти Иркутск

30 октябрь 2025, Четверг
10
0
Санаи 28 октябри соли ҷорӣ масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федаралии Сибир якҷоя бо роҳбари ҷамъияти тоҷикони шаҳри Ангарск ба муассисаи давлатии “Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ” дар вилояти Иркутск, воқеъ дар шаҳри Ангарск, ташриф овард. Ҳадафи ин сафар аз наздик шинос шудан бо шароити будубоши шаҳрвандон, бахусус муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин мусоидат ба ҳалли мушкилоти иҷтимоиву ҳуқуқии онҳо ва таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ бо масъулони муассиса буд.
Дар рафти сафар масхуои Намояндагӣ ва кормандони муассиса вохӯрии судманд баргузор намуда, бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин марказ нигоҳдорӣ мешаванд, суҳбат анҷом доданд. Ба гуфтаи масъулон, айни ҳол дар марказ 130 нафар шаҳрвандони хориҷӣ қарор доранд, ки аз ин шумора 18 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Яке аз онҳо баъди адои ҷазо аз муассисаи ислоҳӣ озод шуда, 17 нафари дигар дар давоми ҳафтаи охир бинобар надоштани ҳуҷҷатҳои будубоши қонунӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои гуногуни вилояти Иркутск боздошт гардидаанд.
Бо иқдоми башардӯстонаи соҳибкорони саховатманди шаҳри Ангарск барои ҳамаи шахсони дар ин муассиса буда маводи хурока ва таоми гарм омода гардида, ба онҳо тақдим карда шуд. Ин амал ҳамчун намунаи ҳамдардӣ, эҳсонкорӣ ва дастгирии ҳамватанон дар шароити душвор арзёбӣ гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъули Намояндагӣ бо муҳоҷирон сӯҳбатҳои озоду самимӣ анҷом дода, ба саволҳои онҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, расмиятҳои бақайдгирӣ ва тартиби баргашт ба Ватан ҷавобҳои муфассал пешкаш намуд. Ҳамзамон шароити зист, таъом, хизматрасонӣ ва нигоҳдории шаҳрвандон аз наздик мавриди шиносоӣ ва арзёбӣ қарор гирифт.
Масъули Намояндагӣ изҳор дошт, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони худ дар хориҷ аз кишвар таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Барои ин дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти марбутаи Русия ва бо дастгирии ҷамъиятҳои тоҷикон пайваста чорабиниҳо ва вохӯриҳои иттилоотиву иҷтимоӣ баргузор мегарданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ масъулони марказ барои ҳамкорӣ ва дастгирии ҷониби Намояндагӣ изҳори сипос намуда, омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд баён карданд.
Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: ‪+7 (967) 271-02-02‬, ‪+7 (988) 676-00-00‬, ‪+7 (966) 031-22-22‬, ‪+7 (936) 174-19-92‬, ‪+7 (926) 586-03-00‬ ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ‪+7 (999) 912-58-68‬;
2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: ‪+7 (926) 311-52-53‬;
3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: ‪+7 (977) 963-25-69‬;
4.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: ‪+7 (901) 344-77-77‬ ;
5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: ‪+7 (929) 388-54-11‬;
6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: ‪+7 (909) 809-55-48‬.
7. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург ‪+7 (999) 341-45-99‬
8. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск ‪+7 (909) 809 55 48‬
Почтаи электронии Намояндагӣ:
prmstj@mail.ru

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ