Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Сафари кории масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Приволже ба шаҳри Толятти

Сафари кории масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Приволже ба шаҳри Толятти

22 октябрь 2025, Среда
16
0
Намояндагӣ иттилоъ медиҳад, ки 19 ва 20 октябри соли ҷорӣ сафари кории масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Приволжие ба шаҳри Толятти баргузор гардид.
Дар доираи сафари мазкур вохӯрӣ бо намояндагони маъмурияти шаҳр, инчунин иштирок дар мизи мудаввар таҳти унвони «Мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатӣ дар вилояти Самара» доир гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ бо маъмурият масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти онҳо дар қаламрави вилояти Самара баррасӣ шуданд. Маъмурият саҳми назарраси шаҳрвандони Тоҷикистонро дар рушди иқтисодиёт таъкид намуда, аҳамияти ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистонро зикр кард. Қайд гардид, ки раванди мутобиқшавии онҳо муваффақона пеш меравад ва муҳоҷирон ба ҷомеа ва муҳити меҳнатии минтақа зуд ворид мегарданд.
Дар рафти мизи мудаввар диққати махсус ба масъалаҳои будубоши қонунии муҳоҷирон, иҷрои уҳдадориҳои корфармоён оид ба бақайдгирии онҳо ва тартиб додани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои фаъолияти меҳнатӣ равона карда шуд. Ҳамзамон, масъалаҳои таъмини амнияти истеҳсолӣ ва ҳифзи меҳнат низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Намояндагони ширкатҳои ҶДММ «Фабрикаи Сифат» ва «Фабрикаи Бастабандии Волга» изҳори миннатдорӣ намуданд ҷиҳати ҳамкорӣ бо Намояндагӣ дар самти ташкили ҷойҳои корӣ ва ҷалби муҳоҷирони меҳнатии соҳибтахассус ба корхонаҳои худ, ки чандин сол боз дар қаламрави вилояти Самара фаъолият доранд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва созанда баргузор гардид ва ба мубодилаи таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳо байни иштирокчиёни мизи мудаввар мусоидат намуд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ