Мулоқот бо занони муҳоҷир дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон
18 октябри соли ҷорӣ, дар доираи маҷмӯи чорабиниҳои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, аз ҷониби масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Приволжие мулоқот бо занон - муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тотористон зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳим, аз ҷумла фаъолияти меҳнатӣ, ҷанбаҳои муҳоҷират ва мутобиқшавии иҷтимоии занони муҳоҷир баррасӣ шуданд. Ба масъалаҳои дастгирии ҳуқуқӣ, шароити кор, таъмини амният ва ҳимояи иҷтимоии муҳоҷирон диққати махсус дода шуд.
Иштирокчиёни мулоқот зикр карданд, ки солҳои охир дар соҳаҳои гуногун — саноат, хизматрасонӣ, савдо ва маишӣ — дар корхонаҳои шаҳри Қазон ва дигар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тотористон фаъолият доранд. Занон таъкид намуданд, ки бо меҳнатдӯстӣ, масъулият ва интизомнокии худ саҳми арзандае дар рушди иқтисодиёти минтақа мегузоранд. Ғайр аз ин, ҳар яке аз онҳо дар ташкили муҳити оилавӣ, таҳкими арзишҳои хонаводагӣ ва боло бурдани мақоми занони тоҷик дар ҷомеа саҳм мегузоранд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаи мутобиқшавии фарҳангӣ ва иҷтимоии занони муҳоҷир низ баррасӣ гардид. Иштирокчиён қайд карданд, ки дар Ҷумҳурии Тотористон муҳити дӯстона ва шароити мусоид барои ҳамгироии иҷтимоӣ ва фарҳангии онҳо фароҳам оварда шудааст.
Масъули Намояндагӣ ба занон хотиррасон намуд, ки дар сурати ба миён омадани баҳсҳои меҳнатӣ, мушкилоти ҳуқуқӣ ё дигар ҳолатҳои душвор, онҳо метавонанд барои гирифтани машварат ва кӯмаки ҳуқуқӣ ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд.
Мулоқот дар фазои самимӣ ва дӯстона баргузор гардид. Ҳамаи иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои пурра гирифтанд ва барои таваҷҷӯҳу дастгирии доимии Намояндагӣ изҳори миннатдорӣ карданд.

Читайте также:
30 сентябрь 2025, Вторник
Вохӯрии Масъули Намояндагӣ бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тотористон
25 август 2025, Понедельник
Мулоқот оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва шароити меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва