Вохӯрии Масъули Намояндагӣ бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тотористон
Масъули Намояндагӣ бо мусоидати роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Маркази миллии фарҳангии тоҷикон дар Ҷумҳурии Тотористон» Тоиров Сабриддин Мирзоевич бо роҳбари кумитаи иҷроияи Шӯрои Ассамблеияи халқҳои Тотористон Валиуллин Ренат Накифович, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии автономии «Маркази мутобиқгардонии иҷтимоиву фарҳангии шаҳрвандони хориҷӣ» Аманов Рустем Ринатович ва муовини директори «Хонаи Дӯстии Халқҳо»-и Ҷумҳурии Тотористон Ахмадуллин Рафил Ришатович вохӯрӣ доир намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими марбут ба риояи ҳуқуқҳои меҳнатии муҳоҷирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби корфармоён, таъмин бо ҷойи кор ва мутобиқгардонии онҳо баъди омадан ба Ҷумҳурии Тотористон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон ҷонибҳо инчунин перомуни самтҳои ҳамкории минбаъда дар ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон, мусоидат ба шуғл ва мутобиқгардонии онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тотористон мубодилаи назар намуданд.
Дар анҷоми мулоқот намояндагони Шӯро баланд будани сатҳи иштирок ва саҳмгузории Марказ дар ҳаёти ҳаррӯзаи муҳоҷирон, инчунин огоҳ намудани шаҳрвандон оид ба ҳамаи тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тотористон-ро таъкид карданд.