Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » ЭЪЛОНИ ҶОЙИ КОРӢ ДАР ШИРКАТИ ҶС "АЯКС ИНЖИНИРИНГ"

ЭЪЛОНИ ҶОЙИ КОРӢ ДАР ШИРКАТИ ҶС "АЯКС ИНЖИНИРИНГ"

16 июль 2025, Среда
407
0
ЭЪЛОНИ ҶОЙИ КОРӢ ДАР ШИРКАТИ ҶС "АЯКС ИНЖИНИРИНГ"
Ҳамватанони азиз!
Намояндагӣ ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Ҷамъияти саҳҳомии «Аякс Инжиниринг» ба сохтмони иншооти маҷмааи газу химиявии Амур (МГХК) — Маҷмааи маъмурию истиқоматӣ/иҷтимоию маишии Шимолӣ (8315), ки дар суроғаи: вилояти Амур, ноҳияи Благовещенск, шаҳри Свободний ҷойгир аст, оғоз намудааст. Лоиҳа ба манфиати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд
«Маҷмааи газу химиявии Амур» (ҶДММ «Амурский ГХК»), ки ба гурӯҳи ширкатҳои СИБУР шомил аст, амалӣ мегардад. Амалисозии лоиҳа ба 2 марҳила тақсим карда шудааст, муҳлати умумии иҷрои корҳо аз 21.07.2025 то 31.12.2026 мебошад.
Бо мақсади амалисозии ин лоиҳа, ҶС «Аякс Инжиниринг» ба ҷалби кормандон ниёз дорад ва дар ҷустуҷӯи мутахассисони зерин мебошад:

1. Монолитчиён, маош аз 160000 рубл
2. Изолятсиягузарон, маош аз 150000 рубл
3. Хиштчинҳо, маош аз 160000 рубл
4. Андовачӣ ва рангзан, маош аз 150000 рубл
5. Коргарони умумӣ (ёрдамчиён), маош аз 130000 рубл

Пардохти музди меҳнати кормандон ду маротиба дар як моҳ ба корти бонкӣ, ки дар доираи лоиҳаи маошӣ барои кормандон кушода мешавад, ба таври пурра анҷом дода мешавад.
Ширкат иҷрои пурраи талаботи қонунгузории муҳоҷират ва меҳнати Федератсияи Россия, инчунин пардохти саривақтии музди меҳнат, фароҳам овардани шароити зист ва таъмини ғизои кормандонро кафолат медиҳад.
Тамос барои иртибот:
Намояндаи ширкат - Иван:+7 (915) 379-32-62

Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: ‪+7 (967) 271-02-02‬, ‪+7 (988) 676-00-00‬, ‪+7 (966) 031-22-22‬, ‪+7 (936) 174-19-92‬, ‪+7 (926) 586-03-00‬ ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ‪+7 (999) 912-58-68‬;
2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: ‪+7 (926) 311-52-53‬;
3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: ‪+7 (977) 963-25-69‬;
4.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: ‪+7 (901) 344-77-77‬ ;
5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: ‪+7 (929) 388-54-11‬;
6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: ‪+7 (909) 809-55-48‬.
7. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск ‪‪+7 (909) 809‑55‑48‬‬
8. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург ‪‪+7 (916) 555-74-97

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ