Дар Москва ҷаласаи роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд

23-24 апрел дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва ҷаласаи 58-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд, ки дар кори онҳо сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Исломиддин иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар доданд.
Дар ҷаласаҳо иҷрои қарорҳои дар аввалин вохӯрии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай қабулгардида, тамоюлҳои сиёсати рақобат ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, самтҳо ва қолаби кори минбаъдаи мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва танзими зиддиинҳисории комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар доираи ҷаласаи 58-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Исломиддин бо нишони фахрии шуро сарфароз гардонида шуд.
Тибқи қарори шуро, ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Беларус баргузор мешавад.
Дар доираи ин ҷаласаҳо ҳамзамон бахшида ба 35-солагии мақомоти зиддиинҳисории Федератсияи Русия конференсияи байналмилалии ҳайати васеи мушовараи Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия баргузор шуд.
Читайте также:
17 апрель 2025, Четверг
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок ва суханронӣ намуданд
27 декабрь 2022, Вторник
Иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил







