Баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар шаҳри Владимир

Рӯзи 5 октябри соли 2024 дар Китобхонаи илмии вилояти Владимир “Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Россия” бо ташаббуси роҳбари Маркази тоҷикони вилояти Владимир Раҳматуллоев Ҷумъа Асатович баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони расмии Тоҷикистон дар Россия, роҳбарон ва аъзоёни фаъоли ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони шащр ва вилояти Владимир, намояндагони мақомоти давлатии Федератсияи Россия, аҳли илму фарҳанг, донишҷӯён, инчунин ҳамватанони муқими Россия иштирок намуданд.
Қабл аз оғози барномаи фарҳангӣ ҳайати меҳмонон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.
Дар намоишгоҳ маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик, шумораи зиёди мусаввараҳои бадеӣ, намунаи либосҳои миллӣ пешкаши меҳмонон карда шуд, ки иштирокчиён баъди тамошо ба ҳунари волои ҳунармандон баҳои баланд доданд.
Чорабиниро фарҳангиро ба ифтихори Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо сухани муқаддимавӣ Раҳматуллоев Ҷумъа Асатович - роҳбари Маркази тоҷикони вилояти Владимир ва Мусихин Роман Сергеевич - Президенти ташкилоти чамъиятии варзиши РЕГБИ-и вилояти Владимир ифтитоҳ намуданд.
Боиси хушнудист, ки имрӯз муносибатҳои дӯстии бисёрҷанбаи Тоҷикистону Россия дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳамдигар ва эътимод ба нафъи кишварҳо ва халқҳои Тоҷикистону Россия пайваста инкишоф меёбанд.
Дар баромади худ Намояндагӣ вобаста ба саҳми ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони қаламрави Федератсияи Россия ва ҳамватанони бурунмарзӣ барои бартараф кардани мушкилотҳои зиёди соҳаи муҳоҷират, расонидани кӯмакҳои якҷоя ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон, мутобиқшавии онҳо дар кишвари иқомат, пос доштани фарҳанги миллӣ ва забони модарӣ дар байни ҳамватанон, баргузории ҷашнвораҳои миллӣ дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия бо нишон додани намоишгоҳи дастовезҳои миллӣ, аз ҷумла сару либос, зардузӣ, таъомҳо ва ҳунарҳои миллӣ ибрози назар намуда, ба роҳбари Маркази тоҷикони вилояти Владимир Раҳматуллоев Ҷумъа Асатович сипосномаи Намояндагӣ тақдим карда шуд.
Изҳори итминон карда шуд, ки Рӯзҳои фарҳангӣ ба ғанӣ гардидани маънавиёти ду халқ ва густариши робитаҳои анъанавии дӯстонаи байни мардумони бародари тоҷику рус мусоидат мекунанд.
Дар маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Владимир барномаи бошукуҳу рангини устодони санъат ва ҳунармандони дигар миллатҳо пешкаши меҳмонон карда шуд, ки бисёр хотирнишин ва таҷассумгари дӯстии халқҳои дар Россия қарордошта буд.