Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Миннатдории Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии тоҷикистониҳои вилояти Новосибирск “Дружба”

Миннатдории Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии тоҷикистониҳои вилояти Новосибирск “Дружба”

31 май 2020, Воскресенье
940
0
Миннатдории  Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии тоҷикистониҳои вилояти Новосибирск “Дружба” Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии тоҷикистониҳои вилояти Новосибирск “Дружба” солҳои зиёдест, ки дар каламрави вилояти Новосибирск ва гирду атрофи он асосан дар навбати аввал ба кумаку дастгирии ҳамватанон, саҳми беназир дорад. Ҷамъият дар ҳамбастагӣ бо намояндаҳои расмиии Ватани азизамон баҳри дастгириву хизмати халқ ва ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ самти фаъолияти худро мебарад.
Дар як вақт ҷамъияти мо ҳамасола ҷашнвораҳои таърихиву фарҳангӣ ва маъракаҳои сиёсиро дар сатҳи ниҳоят баланд ва дар мувофиқа бо мақомотҳои минтақавӣ, ҳамчунин мусобиқаҳои варзишиӣ ва тарбиявӣ дар сатҳи баланди давлатӣ мегузаронад, ки маҳз дар ин чорабиниҳову маъракаҳо аз ҳар гушаҳои Россия ва ҳатто аз Тоҷикистони азизамон барои ширкат меоянд. Ҳамаи ин чорабиниҳо бо иштирок ва тавсияву роҳнамоии намояндаи муҳоҷират – мутахассиси пешбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Сибир Нуридинов Шерали Нуриллоевич мегузарад. Номбурда аз моҳи сентябри 2018 сол дар минтақаи Сибир кору фаъолияти худро оғоз карда, аллакай дар ин муддати кутоҳ дар дилу дидаҳои ҳамватанон барои хизматҳои содиқона, ғамхору ғамшарики муҳоҷирон будан, ҷойгир кардааст. Дар ҳақиқат Шералӣ Нуридинов худро як ҷавонмарди хоксору ростқавл ва ба кори худ қатъӣ нишон дод. Дар ҳамаи чорабиниҳои ҷамъият Нуридинов Шералӣ, бевосита иштирок менамояд ва суханҳо меронад, пеш аз ҳама ба муҳоҷирон оиду кору фаъолият дар давлати будубош, пурсон шуда, онҳоро ҳамавақт барои риояи қонуну эхтироми расму оини мардуми таҳҷоӣ даъват мекунад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар айни замон, дар ин вақти ҳассосу ногуворе, ки тамоми дунёро фаро гирифтааст – пандемияи паҳншавии бемории сироятии коронавирус Covid – 19, тавре огаҳем, тайи чанд муддати охир дар тамоми ҷаҳон бемории коронавирус васеъ паҳн гардида, сабаби фавти одамон низ шудааст. Дар ҳар як кишвар вобаста ба пешгирӣ аз сирояти вирус корҳои мушаххас анҷом дода мешаванд, аз ҷумла, дар Федератсияи Россия аз паҳншавӣ ва сирояти коронавирус низоми худиҳотакунӣ, ниқобпушӣ ва истифодаи дастпушакҳо, риояи қоидаҳои гигиенӣ ба роҳ монда шудааст. Маҳз, барои фаҳмонидани ин қоидаҳои беҳдоштӣ якҷоя бо фаъолони ҷамъият Нуридинов Шералӣ ба муҳоҷирон корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҳамаруза мебаранд ва бо ин роҳ ҳаматараф онҳоро дастгирӣ менамоянд ва бо ин нишон медиҳанд, ки онҳо шаҳрванди давлати азизу муақаддаси Тоҷикстон мебошанд ва доим дар бари онҳо ҳастанд.
Миннатдории  Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии тоҷикистониҳои вилояти Новосибирск “Дружба” Дар пайрави аз икдомхои пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат мухтарам Эмомали Рахмон, бо дастгирихои бародарони химматбаланду бонанги диёрамон, аз чумла чавонмардони саховатпеша – соҳибкорони бурунмарзӣ, аъзоёни бевоситаи ҷамъияти мо бародарон Бобоҷоновҳо Раҳимҷон ва Шарафҷон, Шоевҳо Убайдулло ва Садурдин ва дигар фаъолони ҷамъият дар ш. Новосибирск, ба роҳ монда шудаанд. Бояд зикр намуд, ки ҷамъияти мо икдоми хайриявиро дар рузхои аввали пайдо гардидани нишонахои бемории Коронавирус-Covid-19, аз рузҳои қатъ шудани хатсайри парвозҳо байни Тоҷикистону Россия, аз ҷумла аз рузи 18 то 22 марти соли ҷорӣ, бо мусоидати Нуридинов Шералӣ ва роҳбарияти ҷамъияти мо ба 115 нафар мусофирони тоҷик, ки 53 нафари онҳо аз шаҳрҳои Шарқи дуру дигар навоҳии Россия дар фурудгоҳи шаҳри Новосибирск “Толмачево” монда буданд, бо се вақт хуроки гарм ва ҷойи хоби бемузд, таъмин карда шуданд ва ба шаҳрвандони дар каламрави шаҳру навоҳии Новосибирск, Красноярск, Томск ва Омску Барнаул ва дигар шаҳру навоҳии ҳавзаи Сибирӣ ва берун аз он ба рох монда буд. Дар аввал бо иқдоми ҷавонмарди бонангу номус ва саховатпеша, аъзои Раёсати ҷамъяити мо Бобоҷонов Раҳимҷон ба зиёда 600 нафар, аз ҷумла 70 нафар донишҷуёне, ки дар макотибҳои олии Россия таҳсил мекунанд, кумаки яквақтаи пулӣ ба миқдори 5 000 рублӣ, тақсим карда шуд. Ҳамаи ин кумакҳо бо кушишу тавсия ва дархосту иштироки бевоситаи Нуридинов Шералӣ сурат гирифтанд Дар ин рузҳо, аъзоени ҷамъияти мо ба оилаҳои муҳоҷирони камбизоати дигар кӯмаки яквақтаи хӯрокворӣ аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, макарон гушт, сабзавотҳо ғайра дар ду се давра дода шуд. Ин ҳама иқдомҳо аз олиҳимматии аъзоёни ҷамъият мебошад, ки ҳамаро маблағгузорӣ менамоянд.
Дар охир ба фаъолони ҷамъият ва Нуридинов Шералӣ баҳри хизмати содиқона ҷиҳати дастгирии ҳамватанон арзи сипос мегуем ва ба онҳо минбаъд дар кору фаъолияташон барору комёбӣ таманно мекунем. Бояд қайд кард, ки барои хизмати содиқона ва иҷро кардани вазифаҳои хизматӣ ин гуна шахсон дастгирӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд.
Миннатдории  Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии тоҷикистониҳои вилояти Новосибирск “Дружба”
Бо арзи сипос,
Раёсати ҷамъияти минтақавии тоҷикони
вилояти Новосибирск “Дружба”
+79232417198

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ