Вохурии рохбари Намояндаги бо фаъолон ва сардорони бригадахои мухочирон оид ба раъйпурси
Санаи 5 майи соли 2016 дар доираи тадбирҳо оид ба таблиғу даъвати ҳамватанон дар раъйпурсии умумихалқии оид ба ворид намудани тагйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ Намояндагӣ бо ҳамроҳии Сафорати ҶТ дар ФР дар яке аз марказҳои тиҷоратии ш. Москва вохӯрӣ анҷом дод, ки дар он бештар аз 200 нафар фаъолон ва сардорони бригадаҳои сохтмонӣ, хизматрасонӣ ва тоҷирон ширкат варзиданд. Зимни баромад роҳбари Намояндагӣ Мирзозода З.Т. доир ба аҳамият ва зарурати раъйпурсӣ муфассал маълумот дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки такмили меъёрҳои қонунгузорӣ ва Конститутсия дар ҷараёни ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ омили муҳим ба тақозои давр аст. Бидуни такмилсозии меъёрҳои қонунгузорӣ дар шароити феълӣ наметавон рушду инкишофи соҳаҳои мухталифи чомеаро таъмин сохт.
Ҳамчунин, рафти мулоқот ва натиҷаҳои он аз ҷониби намояндагони шабакаи телевизионии “Тоҷикистон” сабт гардида, тавассути шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ пахш карда мешаванд.








