Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ МАСЪАЛАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ БАРРАСӢ ГАРДИД

ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ МАСЪАЛАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ БАРРАСӢ ГАРДИД

03 сентябрь 2025, Среда
89
0
ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ МАСЪАЛАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ БАРРАСӢ ГАРДИД
30 августи соли ҷорӣ дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Консулгарӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, котибот, аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон, диаспораҳо ва фаъолони ҷамъиятӣ, аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба самти фаъолияти ҷамъиятии ташкилотҳои тоҷикон муҳокима гардид. Зимни баргузории ҷаласаи мазкур масъулини Намояндагӣ иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои матраҳшаванда суханронӣ намуд.
Дар ин замина, инчунин масъалаҳои ҳимояи ҳифзу ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, таъмини кафолатҳои ҳуқуқии онҳо дар истеҳсолот, ҷараёни мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатӣ дар минтақаи мазкур, баргузории вохӯриҳои судманд, иҷрои саривақтии меъёрҳои қонунгузории кишвари иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ, ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои гуногун бо имкониятҳои мавҷудаи ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон даъват ба амал оварда шуд, ки зимни фаъолияти ҷамъиятӣ, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия меоянд корҳои фаҳмондидиҳиро дар самти иҷрои талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат, ба фаъолияти меҳнатии расмӣ машғул шудан, таҳияи ҳуҷҷатҳои будубош, зимни фаъолияти меҳнатӣ риояи талаботҳои бехатарӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва риояи ҳолатҳои санитариву гигиениро пурзур намуда, бо имкониятҳои мавҷуда курсҳои таълимӣ ва омӯзиширо роҳандозӣ карда, барои баланд бардоштани малакаҳои касбию фикрии муҳоҷирони меҳнатӣ мусоидат намоем.
Дар ин замина, тавсия дода шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти пешгирии шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароӣ, ифротгароии диниву мазҳабӣ ва пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда ба роҳ монда шуда, бо мақомотҳои маҳаллӣ дар ин самт тақвият бахшида шуда, семинару машварат ва вохӯриҳо бо намояндагони мақомот, аҳли илму фарҳанг ва коршиносони масоили мазкур ба роҳ монда шавад.
ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ МАСЪАЛАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ БАРРАСӢ ГАРДИД

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ