Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Ҷорӣ намудани барномаи мобилии «Амина» аз 1 сентябри соли 2025

Ҷорӣ намудани барномаи мобилии «Амина» аз 1 сентябри соли 2025

26 август 2025, Вторник
147
0
Ҷорӣ намудани барномаи мобилии «Амина» аз 1 сентябри соли 2025
Ҳамватанони гиромӣ,
Намояндагӣ иттилоъ медиҳад, ки аз 1 сентябри соли 2025 дар шаҳри Москва ва вилояти Москва тартиби нави бақайдгирии шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ бе раводид ба Федератсияи Россия ворид мешаванд, ҷорӣ карда мешавад.
Шаҳрандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади кор ба Россия меоянд, инчунин аъзои оилаҳои онҳо, вазифадоранд ба қайд гирифта шаванд. Барои ин зарур аст ба Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷират дар Сахарово ё ба шӯъбаҳои ҳудудии Раёсати корҳои дохилии Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Дар рафти бақайдгирӣ гирифтани изи ангуштон (дактилоскопия) ва аксбардорӣ гузаронида мешавад. Ҳамчунин, аз 1 сентябри соли 2025 насби барномаи мобилии «Амина» ҳатмӣ мегардад. Ин барнома ҷойгиршавии муҳоҷирро сабт намуда, маълумотро дар бораи мақоми ҳуқуқии ӯ намоиш медиҳад.
Набудани қайдгирӣ дар ҷои иқомат, инчунин рад кардани истифодаи барномаи мобилӣ ҳамчун вайронкунии қоидаҳои муҳоҷират ҳисобида шуда, метавонад боиси ҷавобгарии маъмурӣ, то ихроҷ аз ҳудуди Федератсияи Россия ва манъи воридшавии такрорӣ гардад.
Аз ин тартиб шаҳрвандони Ҷумҳурии Белорус, ноболиғон, дипломатҳо ва кормандони ташкилотҳои байналмилалӣ истисно мешаванд.
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаҳои онҳо тавсия дода мешавад, ки пешакӣ шароити иқоматро муайян намуда, тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ дошта бошанд ва дар ҳолати пайдо шудани саволҳо барои тавзеҳот ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ё ба шӯъбаҳои ҳудудии мақомоти муҳоҷиратии Россия муроҷиат намоянд.
Диққат! Бақайдгирӣ дар ҷои иқомат ва насби барномаи мобилии «Амина» аз 1 сентябри соли 2025 барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаҳои онҳо шарти ҳатмии қонунии иқомат дар Москва ва вилояти Москва ба шумор меравад.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ