Курсҳои онлайнии мутобиқшуда барои омӯзиши мустақили забони русӣ

Намояндаӣ иттилоъ медиҳад, ки Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия бо мақсади омодагии шаҳрвандони хориҷӣ барои супоридани имтиҳони забони русӣ, маълумот дар бораи курсҳои онлайнии мутобиқшуда барои омӯзиши мустақили забони русӣ ва супоридани тести озмоиширо пешниҳод намудааст. Ин мавод барои шаҳрвандони хориҷие, ки ният доранд дар ҳудуди Федератсияи Русия машғули кори меҳнатӣ шаванд, пешбинӣ шудааст.
Барномаҳои таълимӣ аз қисмҳои зерин иборатанд:
1. Курси онлайнии «Забони русӣ барои зиндагӣ ва кор»
https://migrant.spbu.ru
Ин курс 62 дарси видеоиро дар забони тоҷикӣ дар бар мегирад ва барои омӯзиши забони русӣ аз сатҳи ибтидоӣ то сатҳе, ки барои супоридани қисмати «Забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ» зарур аст, пешбинӣ шудааст. Сомона бо дастгоҳҳои мобилӣ мувофиқ аст.
2. Манбаи иттилоотию таълимии «Бо забони русӣ»
https://main.narusskom.online/
Ин платформа маводи иттилоотиро дар забони тоҷикӣ пешниҳод мекунад, ки барои мутобиқшавии иҷтимоию фарҳангии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия мусоидат менамояд. Омӯзиш дар шакли мутобиқшаванда бо истифодаи зеҳни сунъӣ ва машқҳои интерактивӣ амалӣ мегардад, аз ҷумла барои омодагӣ ба имтиҳон.
3. Пойгоҳи кушодаи саволҳо барои супоридани имтиҳони забони русӣ:
https://inostr-exam.fipi.ru/xmodules/qprint/index.php
Намунаҳои намоишӣ:
Сатҳи 1 (https://doc.fipi.ru/inostr-exam/demo_level_1.zip)
Сатҳи 2 (https://doc.fipi.ru/inostr-exam/demo_level_2.zip)
Сатҳи 3 (https://doc.fipi.ru/inostr-exam/demo_level_3.zip)
Гузаронидани имтиҳони санҷишӣ: https://gosuslugi.ru/legalwork/details/verify-edu
Қобили қайд аст, ки ҳамаи ин манбаъҳо ройгон мебошанд ва метавонанд ҳамчун заминаи мустаҳкам барои омодагии босифат ба имтиҳони забони русӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ истифода шаванд.
Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;
3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ;
5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11;
6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.
7. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809‑55‑48
8. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург +7 (916) 555-74-97









