Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Москва

Мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Москва

19 август 2025, Вторник
212
0
Мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Москва
18 августи соли ҷорӣ аз ҷониби Намояндагӣ вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Москва, кӯчаи 2-юми Тверская-Ямская, хонаи 46 фаъолият доранд, баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ шуд.
Вохӯрӣ дар майдони сохтмонӣ баргузор гардид, ки муҳоҷирон дар он ҷо ба корҳои сангфаршкунӣ ва асфалтрезӣ ҷалб гардидаанд. Ин фаъолият дар доираи лоиҳаи ободонии шаҳри Москва сурат мегирад. Татбиқи лоиҳа аз ҷониби ГУП «Мосводосток» (ш. Москва, кӯчаи Набережная Тарас Шевченко, хонаи 31) амалӣ мегардад, ки дар он зиёда аз 300 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд.
Аз ҷониби кормандони Намояндагӣ суҳбати профилактикӣ гузаронида шуд. Ба шаҳрвандон зарурати риояи қонунҳои кишвари иқомат ва сари вақт расмӣ намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъкид гардид. Ҳамзамон, диққати махсус ба масъалаи пешгирии ҷалбшавӣ ба гурӯҳҳои деструктивӣ равона шуд, ки фаъолияти худро бо шиорҳои динӣ пинҳон карда, ҷавононро ба амалҳои террористӣ даъват менамоянд.
Қайд гардид, ки сабаби асосии муҳоҷират беҳтар кардани вазъи моддӣ мебошад ва маҳз аз ҳамин сабаб шаҳрвандон бояд диққати худро ба фаъолияти меҳнатӣ ва риояи қонунҳо равона созанд. Илова бар ин, ба иштирокчиён зарурати пешгирии бемориҳо ва гузаштан аз муоинаи тиббӣ хотиррасон карда шуд, зеро бемориҳои вирусӣ на танҳо ба худи муҳоҷирон, балки ба дигарон низ зарар расонида, ба саломатии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд.
Дар ҷараёни суҳбат, муҳоҷирони меҳнатӣ изҳор доштанд, ки зиёда аз се сол дар ширкат фаъолият дошта, аз шароити корӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Онҳо таъкид намуданд, ки ширкат ба онҳо манзил, кумак дар расмӣ намудани ҳуҷҷатҳо ва музди кори арзанда (тақрибан 5000 рубл дар як рӯз) фароҳам меорад.
Дар анҷоми вохӯрӣ, кормандони Намояндагӣ шумораҳои «хатти доғ»-ро пешниҳод намуда, таъкид карданд, ки дар сурати пайдо шудани ҳар гуна мушкилот, ҳар як шаҳрванд метавонад ба ин рақамҳо муроҷиат намояд.
Мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Москва

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ