МАЪЛУМОТИ МУҲИМ БАРОИ САФАР БА РОССИЯ


Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки марҳилаи дуюми озмоиши санҷиши қоидаҳо ва шартҳои вуруд ба Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ аз 30 июни соли 2025 оғоз ёфтааст.
Намояндагӣ инчунин хотиррасон менамояд, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ замимаи мобилии ruID дастрасӣ дорад, ки тавассути он шаҳрвандон метавонанд дар портали Хадамоти давлатӣ ҳисоб эҷод кунанд, СНИЛС гиранд ва дар бораи сафари худ ба Федератсияи Россия огоҳинома пешниҳод намоянд.
Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;
3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ;
5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11;
6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.
7. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809‑55‑48
8. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (916) 555-74-97









