ЭЪЛОНИ ҶОЙИ КОРӢ ДАР ШИРКАТИ ҶДММ «КИНТЭК»

Ҳамватанони азиз!
Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки ба суроғаи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дархости ширкати русии ҶДММ «КинТэк» ворид гардидааст оид ба ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба кор қабул кардан дар мавқеъҳои сохтмонӣ дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия.
Бино ба маълумоти пешниҳодгардида, ширкат шаҳрвандонро барои фаъолият ҳамчун коргарони умумӣ (разнорабочий) даъват менамояд. Объектҳои сохтмонии ҶДММ «КинТэк» дар саросари ҳудуди Россия ҷойгир мебошанд. Музди меҳнат аз 2500 рубл дар як рӯз оғоз меёбад ва имкони даромади иловагӣ (шуғли иловагӣ) низ мавҷуд аст.
Бо мақсади дарёфти маълумоти муфассал оид ба шартҳои кор, бастани шартнома ва масъалаҳои зист, хоҳишмандон метавонанд бо намояндагони ширкат тамос гиранд:
Воропаев Александр Александрович – тел.: +7 (920) 478-14-78
Шишова Анастасия Александровна – тел.: +7 (904) 640-22-52
Почтаи электронӣ: kintektambov@gmail.com
Ҳамзамон ба маълумот мерасонем, ки бо мақсади гирифтани маълумоти дақиқу мукаммал оид ба имкониятҳои шуғл дар қаламрави Федератсияи Россия, шаҳрвандони хоҳишманд метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд: +7 (495) 967-98-44 ва +7 (999) 912- 58-68 (WhatsApp)








