Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » ИДИ ЗАФАР МУБОРАК, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!

ИДИ ЗАФАР МУБОРАК, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!

08 май 2025, Четверг
441
0
ИДИ ЗАФАР МУБОРАК, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ҳамватанони бурунмарзӣ, муҳоҷирони меҳнатиро ба муносибати таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ самимона табрик ва муборакбод мегӯяд.

Дар солҳои 1941-1945 зиёда аз 300 ҳазор ҷанговарони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона ширкат варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд.
Онҳо барои дифо ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шудаанд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ зиёда аз 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихорӣ – Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ордени “Шараф” ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд.
Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон додаанд. Эҳсоси ватандӯстӣ ва мардонагӣ, шуҷоат ва қавииродагии Шумо иштирокчиёни Ҷанги бузурги Ватанӣ имрӯз барои мо, ки стиқлолияти давлатии худро таҳким мебахшем, намуна ва ифтихор мебошад.
Бигузор ҷавонони бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ қуваи худро танҳо барои ободи ва пешравии Ватани хеш сарф намоянд.
Аз ин лиҳоз ин рӯзи хотирмонро ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар симои онҳо кулли мардуми Тоҷикистони азизро ба муносибати Ҷашни 80-умин солгарди «Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ»-ро муборакбод намуда, таманнои онро дорем, ки дар Ватани мо тинҷиву амонӣ ҳукумфармо бошад ва кули мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ҳамеша сарбаланду хонаобод ва тансиҳату комёб бошанд.
80 солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги ватанӣ муборак бошад!

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ