Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар маросими гулгузорӣ дар оромгоҳи ёдгории Пискарёв иштирок намуданд

18 апрел Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Санкт-Петербург ҳамроҳи роҳбарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маросими гулгузорӣ дар Оромгоҳи ёдгории Пискарёв иштирок намуданд.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамин ҷо дар назди Лавҳаи хотиравии сарбозони қаҳрамони тоҷикистонӣ – ҳимоятгарони шаҳри Ленинград дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулдаста гузошта, ба хотираи шаҳидон арҷ гузоштанд.
Читайте также:
17 апрель 2025, Четверг
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок ва суханронӣ намуданд








