Ҷаласаи кории навбатии Сафири Тоҷикистон бо ҳайати консулгариҳои генералӣ ва намояндагиҳои вазорату идораҳои Тоҷикистон дар Россия

26 феврали соли 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҳайати консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург, Уфа ва намояндагиҳои вазорату идораҳои Тоҷикистон дар Россия мулоқоти корӣ доир намуд.
Зимни нишаст масъалаҳои тадорукотию омодагӣ роҷеъ ба ташкил ва баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон дар сафорат ва дигар намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар минтақаҳои Россия баррасӣ гардида, аҳамияти муҳими ин маъракаи сиёсӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани он таъкид карда шуд.
Ҳамчунин зимни суҳбат масъалаҳои марбут ба фаъолияти меҳнатӣ ва бақайдгирии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Россия, мушкилиҳои онҳо дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои сарҳадии Федератсияи Россия, инчунин таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва саривақт баргардонидани онҳо ба Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифт.








