Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Мулоқот бо шаҳрвандон дар шаҳри Москва

Мулоқот бо шаҳрвандон дар шаҳри Москва

14 август 2024, Среда
968
0
Мулоқот бо шаҳрвандон дар шаҳри Москва
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади таҳким бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия вобаста ба навгониҳои қонунгузории муҳоҷиратӣ, ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои тундраву моҷароҷӯ, вохӯриҳои судмандро анҷом додааст.

Дар ин самт, санаи 14 августи соли 2024 мулоқоти Намояндагӣ бо роҳбарият ва соҳибкорони тоҷики бозори Новоясеневский, наздики метрои Теплый Стан, воқеъ дар хиёбони Новоясеневский 1a баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ нахуст кормандони Намояндагӣ изҳор доштанд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин равобити миёни Тоҷикистон ва Россия дар сатҳи баланд қарор дорад ва бо ин кишвари дӯст аз даврони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ муносибатҳои судманд роҳандозӣ гардидааст, ки имрӯз тамоми соҳаҳоро фаро мегирад.

Дар рафти сӯҳбат аз ғамхории ҳамешагии Пешвои муаззам ёдовар шуда, таъкид гардид, ки масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ зери таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти олии кишвар қарор дорад.

Аз ин лиҳоз, муҳоҷирони меҳнатиро мебояд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои мунтазами Пешвои миллат ба касбомӯзӣ машғул шуда, бо рафтори шоистаи худ дар кишвари иқомат намунаи ибрат нишон диҳанд.

Илова бар ин, вобаста ба афзоиши таҳдидҳо ва дар ин замина зарурати риояи қатъии қонунгузории кишвари иқомат, вазъияти мураккаби минтақа, хатари ифротишавии ҷавонон, пешгирии шомилшавӣ ба ҳар гуна равияҳои номатлуби динӣ ва сиёсӣ, эҳтиёткорӣ дар вақти истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ, канораҷӯӣ аз матлабҳои мансуб ба душманони миллату давлат, ҳолатҳои истифодаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ташвиқу тарғиби ақидаҳои зиддиконститутсионӣ, пайомадҳои амали мазкур ва роҳҳои пешгирии муҳоҷирон аз кирдорҳои ҷиноятӣ дар ин самт бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Дар идома, доир ба вазъи кунунии соҳаи муҳоҷирати кишвари иқомат, тағйиротҳои воридгардида дар қонунгузорӣ, тадбирҳои анҷомдодашуда ва корҳои банақшагирифташуда барои фаъолияти минбаъда маълумоти муфассал дода шуд.

Ҳамчунин, масъалаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвари иқомат, барасмиятдарории шахсони ғайриқонунӣ иқоматдошта, тартиби барасмиятдарории будубош ва дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд. Зикр гардид, ки дар кишвари будубош тартиби иқомат ва барасмиятдарории будубошро ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ бояд риоя намоянд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби муҳоҷирон ба Намояндагӣ саволҳо пешниҳод карда шуда, ба онҳо посухҳои мушаххас дода шуд.


Мулоқот бо шаҳрвандон дар шаҳри Москва

Мулоқот бо шаҳрвандон дар шаҳри Москва

Мулоқот бо шаҳрвандон дар шаҳри Москва

Мулоқот бо шаҳрвандон дар шаҳри Москва

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ