Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Вокуниш: шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур надоранд

Вокуниш: шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур надоранд

25 октябрь 2023, Среда
849
0
Вокуниш: шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур надоранд
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба мавод ва навори видеоии нашрнамудаи пойгоҳҳои хабарӣ, ки санаи 23 октябри соли 2023 дар шабакаҳои интернет пахш гардиданд, вокуниш нишон медиҳад.

Намояндагӣ вобаста ба ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар яке аз анборҳои ширкати “Ozon”-и шаҳри Қазон муноқиша намудаанд, муайян намуд, ки зимни ҳодисаи мазкур шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок надоштанд.

Матлаби нашргардида вобаста ба ҳузури шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муноқиша асоси воқеӣ надошта, аз ҷониби мақомотҳои марбута инкор карда шуд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ