Бартарӣ ва афзалияти бештари бонкӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳо ва беҳдошти вазъи будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили вазъи иқтисодӣ ва тамоюлҳои ҷории кишвари иқоматро гузаронида, барои беҳтар намудани вазъи шаҳрвандонамон таклифҳо пешниҳод менамояд.
Дар ин самт, аз ҷониби Намояндагӣ имтиёзҳо ва афзалиятҳои аз ҷониби бонкҳои Россия ба шаҳрвандони хориҷӣ пешниҳодшуда мавриди таҳлил қарор гирифта, аз онҳо бонки “ВТБ” бартариятҳои зиёд нишон медиҳад.
Бонки ВТБ – яке аз бонкҳои бузургтарини Федератсияи Россия буда, аз рӯи дороиҳо ва сармоя ба рӯйхати ташкилотҳои бузург ворид шудааст ва яке аз пешсафони сохтори бонкии Россия мебошад.
Афзалиятҳои корти Бонки “ВТБ” барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- корти системаи пардохти “МИР” дар саросари Федератсияи Россия ва кишварҳои ИДМ кор мекунад (Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Арманистон, инчунин минтақаҳои Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазия);
- хизматрасонии корт доимӣ ройгон мебошад;
- имконияти интиқоли маблағ тавассути рақами телефон ба 12 бонки Ҷумҳурии Тоҷикистон. Интиқол фавран сурат гирифта, дар як рӯз то 1 миллион рублро гузаронидан мумкин аст;
- гирифтани пули нақд бо корт дар банкоматҳои “ВТБ”, “Банк Откритие” ва шуъбаҳои Почта - то 2 миллион рубл дар як моҳ бидуни фоиз, лимити ҳаррӯза - 350 ҳазор рубл;
- бе фоиз гирифтани пули нақд аз банкоматҳои ҳама бонкҳои Федератсияи Россия (дар банкоматҳои дигар маҳдудият то 50 000 рубл);
- интернет-банкинг ва барномаи мобилии ройгон;
- пардохти бе фоизи хароҷотҳои коммуналӣ, ҷаримаҳои БДА, алоқаи мобилӣ, андозҳо ва дигар пардохтҳо;
- огоҳиномаҳои ройгон барои ҳамаи амалиётҳои бонкӣ;
- интиқоли ройгони маблағҳо тавассути “Системаи зудпардохт” (СБП) ба ҳама бонкҳои Федератсияи Россия (то 100 ҳазор рубл бе фоиз);
- барномаи ягонаи вафопарвард (программа лояльности): барои ҳама харидҳо дар дилхоҳ марказҳои савдо, тарабхонаҳо, дорухонаҳо, нуқтаҳои хӯрокҳои тезтайёр, такси, нақлиёти шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ - 2% аз маблағи харид бозпас мегардад, ки имконияти ба рубл иваз намудан фароҳам оварда шудааст ва онро метавон барои хариди ҳама гуна молҳо, хизматрасониҳо, хариди чиптаҳои ҳавопаймо ва роҳи оҳан сарф намуд.
Таҷрибаи бисёрсолаи кормандон, инкишофи пайваста, боварӣ ба тавонии худ ва ғамхорӣ нисбати мизоҷон Бонкро ба яке аз ташкилотҳои муваффақу боэътимод табдил додааст.
Маҳсулоту хизматрасониҳои Бонк мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ коркард шудаанд. Яке аз мақсадҳои асосии бонк ин воридсозии технологияҳои нав ва маҳсулотҳои инноватсионӣ баҳри осонгардонии истифодабарии хизматрасониҳои бонкӣ дар ҳаёти рӯзмарраи мизоҷон аст.

Читайте также:
26 август 2021, Четверг
Тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия