Ҳушдор барои муҳоҷирони меҳнатӣ

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба таваҷҷӯҳ мерасонад, ки тибқи Қонуни федералии №316 аз 10.07.2023, ба банди 7-и моддаи 13.3 Қонуни федералии №115 “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия” аз 25.07.2002 тағйирот ворид гардидааст.
Дар асоси банди 7-и иловашуда, дар давоми ду моҳ аз рӯзи гирифтани патент, шаҳрванди хориҷӣ вазифадор аст шахсан ё тариқи почта, ё дар шакли ҳуҷҷати электронӣ бо истифода аз портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва муниципалӣ ба мақомоти ҳудудии мақомоти корҳои дохилӣ, ки патент додааст, дар бораи фаъолияти меҳнатиаш огоҳинома фиристад.
Ба огоҳинома, ки дар сархати якуми банди мазкур зикр шудааст, нусхаи шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи ҳуқуқии гражданӣ барои иҷрои корҳои (хизматрасонӣ) байни корфармо, фармоишгари корҳо (хизматрасонӣ) ва шаҳрванди хориҷӣ замима карда мешавад ё дар огоҳинома маълумот дар бораи шартномаи ҳуқуқӣ-шаҳрвандӣ барои иҷрои корҳо (хизматрасонӣ) дар сурати бастани он дар шакли шифоҳӣ хабар дода мешавад.
Шакл ва тартиби пешниҳоди огоҳинома, ки дар сархати якуми ҳамин банд зикр шудааст, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ муқаррар карда мешавад.
Тағйирот дар давоми 180 рӯз аз рӯзи нашр эътибор пайдо мекунад, яъне аз моҳи январи соли 2024 шаҳрвандони хориҷие, ки тариқи патент фаъолият мекунанд, бояд ба Вазорати корҳои дохилӣ ҳар дафъа бобати бастани шартномаи меҳнатӣ хабар диҳанд.
Шакли огоҳиномаи меҳнатии шаҳрванди хориҷӣ ва тартиби пешниҳоди он аз ҷониби ВКД ФР то моҳи январи соли 2024 таҳия карда мешавад, аммо ҳоло маълум аст, ки онро бо 3 роҳ пешниҳод кардан мумкин аст:
1. шахсан ба шуъбаи ВКД ФР;
2. тавассути почтаи электронӣ-мактуби огоҳинома;
3. тавассути портали “Госуслуги”.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки ҳатто агар шартномаи меҳнатӣ баста нашуда бошад ва шаҳрванди хориҷӣ тибқи созишномаи шифоҳӣ кор кунад, ӯ вазифадор аст, ки дар ин бора ба ВКД хабар диҳад.
Масъулият ва огоҳии фаъолияти меҳнатӣ аз шаҳрванди хориҷӣ
Аз соли 2024 агар шаҳрванди хориҷӣ нусхаи шартнома ё огоҳинома дар бораи фаъолияти меҳнатиро саривақт ба ВКД ирсол накунад, пас патенти ӯ (бе огоҳӣ) бекор карда мешавад. Ин маънии онро дорад, ки патенти навро шаҳрванди хориҷӣ танҳо пас аз 1 сол аз рӯзи бекоркунӣ ба расмият дароварда метавонад. Дар ин сурат, корфармо аз сабабе, ки бо шаҳрванди хориҷие, ки алакай ғайрирасмӣ будубош дорад, фаъолиятро идома диҳад ва аз ин рӯ барои иҷозат додан ба кори ғайриқонунӣ ҷарима мегирад.
Ҷарима барои вайрон кардани шакл ё тартиби пешниҳоди огоҳинома дар бораи қабул ва аз кор озод кардани шаҳрванди хориҷӣ, барои корфармо аз 400 000 то 800 000 рублро ташкил медиҳад.
[justify][/justify]