Баргузории вохӯриҳои судманд бо корфармоён ва шаҳрвандони кишвар

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ҷиҳати таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойҳои муносиби корӣ дар робитаи хамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидор ва мусоидати роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон омӯзиш ва таҳлили вазъи бозори меҳнати кишвари иқоматро гузаронида, вохӯриҳои судмандро анҷом додааст.
Дар ин робита, боздиди Намояндагӣ дар якҷоягӣ бо роҳбарият ва фаъолони Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловск "Диаспораи тоҷикон "Дидор" Мастибегим Ошурбекова аз «Заводи пластмассаи Арамил» ("Арамильский завод пластмасс"), ки ба истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ машғул аст, сурат гирифт.
Зимни мулоқот бо роҳбари корхона Мария Вахрушева ва шиносоӣ бо шароити кории он маълум гардид, ки зиёда аз 15 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷо бо кори доимӣ таъмин шудаанд.
Барои кормандон тамоми шароитҳои лозима муҳайё карда шуда, маоши онҳо сари вақт пардохт мегардад. Музди меҳнати ҳар як корманд вобаста ба ҳаҷми кори анҷомдодааш ҳисобӣ карда мешавад, ки дар ҳоли ҳозир нафарони пешқадам то 80 000,00 рубл дар як моҳ маош мегиранд.
Миёни роҳбарияти корхона ва кормандон қарордоди меҳнатӣ баста шуда, бо риояи ҳама талаботи Кодекси меҳнати Федератсияи Россия барояшон дар як ҳафта ду рӯзи истироҳатӣ муқаррар карда шудааст.
Ба иттилои Мария Вахрушева, айни замон корхона то 20 нафар корманд (аз рӯйи талабот 8 нафар зан барои дӯзандагӣ (бе таҷрибаи корӣ низ қабул карда мешаванд) ва 8 нафар мард барои кор дар таҷҳизоти техникии автоматикунонидашуда) ниёз дорад ва дар ин самт мусоидати Намояндагӣ хоҳиш карда шуд.
Довталабони хоҳишманд метавонанд ба рақамҳои зерин муроҷиат намоянд.
Телефонҳо барои тамос:
+7 982 739 89 98;
+7 967 634-44-40.
Суроға: шаҳри Арамил, кӯчаи "Клубная", хонаи 13.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва +7 (999) 912- 58-68 (WhatsApp) муроҷиат намоед.