Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Табрикот бахшида ба иди саиди Фитр

Табрикот бахшида ба иди саиди Фитр

20 апрель 2023, Четверг
1 092
0
Табрикот бахшида ба иди саиди Фитр
Ҳамватанони азиз, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии фарҳангӣ ва тоҷикони муқими Федератсияи Россия!

Ба шарофати истиқлолу озодии кишварамон иди саиди Фитр ва дигар ойину суннатҳои миллиамонро дар шароити сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ ҳар сол бо амалҳои хайру савоб ва шодмониву хушҳолӣ истиқбол ва таҷлил менамоем.

Моҳи Рамазон ва иди Фитр барои мардуми мусулмони мо аз ҷумлаи суннатҳои муқаддаси динӣ мебошанд, зеро онҳо таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ - аъмоли хайру созанда, сабру таҳаммул, раҳму шафқат, поси хотири гузаштагон ва некиву накӯкорӣ шуморида мешаванд.

Муҳимтарин фазилати иди саиди Фитр бо нияти нек, шодмониву хушҳолӣ ва амалҳои хайру савоб истиқбол гирифтани он ба ҳисоб меравад.

Дини мубини ислом, хусусан, мақому манзалати хайру эҳсонкориро бисёр баланд бардошта, онро бо ихлос ба Худованд тавъам медонад, чунки ихлосу эҳсон зевари беҳтаринест, ки ҳар як муъмин бояд худро бо он ороста намояд.

Ҳар сол мардуми мусулмон баъд аз адои яке аз фаризаҳои дини мубини ислом - рӯзаи моҳи шарифи Рамазон фарорасии иди саиди Фитрро бо болидарӯҳиву хушҳолии хосса ҷашн мегиранд.

Фарорасии иди саиди Фитр¬ро ба Шумо табрик намуда, ба ҳар як хонадони кишвар сулҳу оромӣ, саломатӣ, саодати зиндагӣ, файзу баракати фаровон ва барои кишвари маҳбубамон оромиву суботи ҷовидонӣ орзу менамоем.

Итминони комил дорем, ки ҳар як фарди бонангу номус минбаъд низ ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон, ҳаёти осоиштаи мардум, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва расидан ба дастовардҳои нав дар роҳи таъмини рушди устувори Ватани азизу маҳбубамон саъю талош хоҳад кард.

Иди саиди Фитр муборак, ҳамватанони азиз!

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ