Ифтитоҳи давраҳои омӯзишии томактабӣ барои наврасони тоҷик дар шаҳри Екатеринбург

16 апрели соли 2023 Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи федералии Урал дар якҷоягӣ бо роҳбарияти Ҷамъияти тоҷикон дар вилояти Свердловск "Дидор" дар маросими кушодашавии курсҳои омӯзишии томактабӣ барои фарзандони муҳоҷирони меҳнатии тоҷик иштирок намуданд.
Давраҳои омӯзишӣ дар бинои маъмурии мутааллиқ ба Ҳукумати ноҳияи Железнодорожнийи шаҳри Екатеринбург, воқеъ дар кӯчаи Техническая 42а баргузор мегарданд.
Иқдоми мазкур аз ҷониби Ассотсиатсияи "Гилдияи омӯзгорони забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ дар минтақаи Урал" (Ассоциация "Уральская гильдия преподавателей русского языка как иностранного") дар доираи барномаи "Мактаби якшанбегии забони русӣ барои наврасони синни томактабӣ" ("Воскресная школа русского языка для дошкольников"), бо пуштибонии бевоситаи роҳбарияти ноҳияи Железнодорожнийи ш.Екатеринбург ва дар ҳамкории бевосита бо Ҷамъияти тоҷикон "Дидор", ба таври ройгон ташкил гардидаанд.
Дар навбати аввал 25 нафар наврасони тоҷик ба омӯзиш фаро гирифта шуда, аз ҷониби омӯзгорони касбӣ таълим дода мешаванд.
Аз рӯи нақшаи роҳбарони ин Барнома, дар оянда имкони доираи васеътари ҳамватанонро ба ин машғулиятҳо фаро гирифтан имконпазир аст.