Шаҳноза Нодирӣ бо Куликов Сергей Викторович мулоқот намуд.

Санаи 18 марти соли 2022 Нодирӣ Шаҳноза Анвар – муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафарӣ корӣ ба шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Россия бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни ҳуҷҷатгузории муҳоҷирони меҳнатӣ бо муовини якуми корхонаи воҳиди федералии "Хизматрасонии шиносномадиҳӣ ва раводид" -и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия Куликов Сергей Викторович, мулоқот намуд.
Ҳамзамон, дар мулоқоти мазкур, роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Мирзозода Зоҳир Тоҳир, муовинони ниҳоди мазкур Богданов Сергей Петрович, Безимянная Галина Викторовна, муовини Раёсати ВКД дар шаҳри Санкт – Петербург ва вилояти Ленинград оид ба муҳоҷират иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур бо таҳияи банду басти ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратӣ, гузариш аз ташхиси тиббӣ, супоридани изи ангушт, хизматрасонии иттилоотӣ ва машваратӣ оид ба масъалаҳои вуруд, будубош, таҳия ва қабули аризаҳо ҷиҳати бақайдгирии муҳоҷиратӣ, иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент), ки мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Россия пешниҳод менамояд, машғул буда, дар баробари шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург дар 57 минтақаи Федератсия Россия филлиалҳои худро дошта, дар филлиали шаҳри Санкт – Петербург ва вилояти Ленинград дар як рӯз имконияти қабули беш аз 1500 нафар шаҳрванди хориҷӣ қабул карда метавонад, ки ҳар нафар шахсан бояд муроҷиат намояд.
Инчунин, дар доираи созишномаҳои дуҷониба бо як қатор кишваҳори узви ИДМ намояндагиҳои худро низ дар хориҷи кишвар таъсис дода, ба шаҳрвандони хориҷӣ барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ машғул мебошад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо маҷмуи масъалаҳои муҳоҷиратиро дар Федератсияи Россия, алалхусус дар шаҳри Санкт – Петербург ва вилояти Ленинград мавриди муҳокима қарор дода, вобаста ба расонидани машваратҳои ҳуқуқӣ, мусоидат ба омоданамоии ҳуҷҷатҳои қонунӣ, таҳияи бастаи ҳуҷҷатҳо барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент), содданамоии ҳуҷҷатҳо барои муайяннамоии ҳолати саломатӣ, баррасии ваъзи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои муҳими самти мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зикр гардид, ки тибқи тағийрот ба қонунгузории муҳоҷиратӣ пас аз гузаштани ташхиси изи ангуштон ба муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳодатномаи изи ангушт дода мешавад, ки муҳлати амали он 10 сол мебошад.
Аз ҷониби ҳайати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъалаи пешниҳод намудани бастаи ҳуҷҷатҳо барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ бо ҷониби Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор дода, таклифу пешниҳодҳо дар ин самт баён гардиданд.
Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки гузаштан аз ташхиси изи ангушт, ки барои дарёфти патент лозим аст, дар мадди аввал гузаронида шавад. Ин талабот имкон медиҳад, ки вобаста ба ваъзи ҳуқуқии муҳоҷири меҳнатӣ маълумоти умумӣ пайдо мегардад ва муҳоҷири меҳнатӣ аз хароҷоти маблағҳои зиёдатӣ пешгирӣ карда мешавад.
Дар идомаи сӯҳбат Куликов С. В. масъалаи зарурати кушодани филиали Корхонаи воҳиди федералии "Хизматрасонии шиносномадиҳӣ ва раводид”-и ВКД Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор дод.
Зикр гардид, ки таъсиси корхонаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам меоварад, ки 80 фисади коргузорӣ зимни таҳияи бастаи ҳуҷҷатҳо пурра пеш аз оғози сафар ба роҳ монда шуда, баъди ворид гардидан ба қаламрави Федератсияи Россия муҳоҷирони меҳнатӣ соҳиби иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ мегардад ва ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ менамояд.
Ҳамзамон шаҳрвандон имконият пайдо менамояд, ки пеш аз сафар аз ташхисти тиббӣ, шароити кории корфармо, қарордоди меҳнатӣ, музди меҳнати худ огоҳ гардида, пас аз муайян намудан бе миёнарав, бо музди меҳнати нисбатан зиёдтар ба кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ сафар намояд.
Куликов С. В. изҳор дошт, ки дар ҳолати ҷонибдорӣ гардидани пешниҳод вобаста ба содда гардонидани ҷараёни ҳуҷҷатгузорӣ ва фаъолияти меҳнатӣ, омодаанд, ки бо гурӯҳи корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намоянд.
Мулоқоти мазкур дар доираи ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.









